Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи ду гуштингири тоҷик ба Афина боз шуд



Тоҳир Сафаров



Даври аввали мусобиқаи байналмилаллии таеквондо барои гирифтани роҳхат ба бозиҳои олимпии Афина барои варзишгарони тоҷик бебарор буд. Дар рақобатҳои рузи 15 феврал таеквондочии маъруфи тоҷик Матин Бобоев аз рақиби индонезиягиаш Сатриё Раҳадҳонӣ шикаст хурд. Варзишгари қирғиз Эркин Алисаев аз Қирғизистон варзишгари дигари тоҷик Исломиддин Фозиловро мағлуб кард.

Аз миёни бонувон ба Таҳмина Исамова низ барор накард ва у бо ҳисоби сифр ба панҷ ба варзишгари тайванӣ Ши Шу Ҷу мағлуб шуд. Аммо ба иттилоъи хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" Юсуф Абдусаломов ва Шомил Алиев гуштингирони тоҷик рузи якшанбе, 15 феврал дар мусобиқаи байналмилалии гуштини тарзи озод дар Булғория ҳарифони худро шикаст дода, соҳиби роҳхат ба бозиҳои олимпии Афина шуданд. То кунун се варзишгари тоҷик ҳаққи ширкат дар ин бозиҳоро пайдо кардаанд.

XS
SM
MD
LG