Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салимовро ба Душанбе истирдод мекунанд?



Мирзонабии Холиқзод



Бобоҷон Бобохонов - додситони кулли Тоҷикистон рузи ҷумъа, 13 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, барои истирдоди Ёқуб Салимов - вазири пешини умури дохила аз Маскав ба Душанбе беш аз як ҳафта мешавад, ки як ҳайъат иборат аз намояндагони ниҳодҳои қудратии кишвар дар Маскав ба сар мебаранд.

Додситони кулл изҳори умедворӣ намуд, ки дар ин навбат Русия Ёқуб Салимовро ба Тоҷикистон таслим хоҳад кард: "Мо одам фиристодем, дар ҳолате, ки ҳалли фасли худро ёбад ва гумон мекунам, рузҳои ахир ҳал мешавад, ҳатмӣ аст, меоранд. Ҳамин ки оварданд, ман ба шумо пурра иттилоъ медиҳам."

Оқои Бобохонов афзуд, бо ҳал шудани масъалаи истирдоди Ёқуб Салимов ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон ба Душанбе бармегарад ва додситонии кулл дар ҳамон руз матбуотро дар ҷараён хоҳад гузошт. Дар мавриди ин ки бо бозгашти Ёқуб, уро чӣ интизор аст, оқои Бобохонов чизе нагуфт, танҳо инро илова намуд, ки Салимов бо даст доштан дар табадуллоти давлатӣ, хиёнат ба ватан ва бо бандитизм айбдор мебошад.

Хабаргузориҳои электронӣ менависанд, ки беш аз 8 моҳ аст Ёқуб Салимов дар зиндони Лефортовои Маскав ба сар мебарад. Истирдоди Ёқуб Салимовро намояндагони сохторҳои амниятии кишвар як амри муқаррарӣ дониста, мегуянд, ҳар касе хоҳ Ёқуб Салимов ва ҳар каси дигар, ки даст ба ҷиноят задааст, бояд дар пеши қонун ҷавоб гуяд.

XS
SM
MD
LG