Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуршедаро кӣ кушт?!



Салими Аюбзод

Узви Дума аз ҳизби Путин Геннадий Гудков мегӯяд, бояд аввал калонсолонеро ҷазо дод, ки тундгароӣ ва тафриқаи миллиро ангезиш медиҳанд.

Марги ваҳшатноки Хуршедаи нӯҳсола ба саволҳои суннатии русӣ Чӣ бояд кард ва Кӣ гунаҳкор, як саволи нави миллиро илова кард: Скинҳедҳоро чӣ гуна бояд маҳв намуд? Ҷомеъашиносон ва бархе аз сиёсатмадорони Русия ба ин савол посух ҷустаанд. Яке аз онҳо мегӯяд, ҳангоми ҷазо додан ба пӯстсарҳо бояд додгустарон миллият ва ақидаҳои худро як сӯ гузоранд. Яъне маълум аст, ки мақомоти миллатгаро баройи як духтарчаи миллати бегона шуда ҳаммиллати худро ҷазои сахт нахоҳад дод. Узви Дума аз ҳизби Путин Геннадий Гудков мегӯяд, бояд аввал калонсолонеро ҷазо дод, ки тундгароӣ ва тафриқаи миллиро ангезиш медиҳанд. Сарвари ҳизби натсионал болшевикӣ Эдуард Лимонов гуфт, ҳукумати Русия дар қатли духтарчаи тоҷик гуноҳи бештар дорад, то худи қотилон. Қурбониёни зарбулатҳо дар шӯъбаҳои милиса шумор надоранд, таҳқири шарафи инсонии муҳоҷирон ҳодисаи ҳамарӯзаи кӯчаҳои Русия аст. Вячеслав Игрунов, собиқ вакили Дума мегӯяд, ҳисси бегонабадбинӣ дар пойинтарин қишри ҷамъияти Русия низ реша гирифтааст: "Медонед, аввалин савол ба номзадҳо чист? Хуб, чуркаҳоро меронем? Ин ҳисси мардуми оддист, ки мегӯянд, қафқозиҳо, тоҷикон ҷинояткоранд. Телевизион инро мегӯяд ва полис низ. Тоҷикон, чеченҳо, қафқозиҳо..."

Ва андешаи дигар. Мудири Маркази пажҳӯишҳои этносиёсӣ ва минтақавӣ Владимир Мукомел мегӯяд, бояд скинҳедҳоро ба як ҳаракати ошкоро ва қонунӣ табдил дод. Он гоҳ мешавад, онҳоро зери назорат дошт. Сарвари созмони ҷавонони Яблоко дар Петербург Павел Другов мегӯяд, то қатли ваҳшиёнаи духтарчаи тоҷик мақомоти давлат ба густариши фашизм бетаваҷҷӯҳ буданд: "Наход барои ҷорӣ кардани тартибот зарур бошад, ки кӯдак кушта шавад. Додуфарёди миллатпарастона дар шаҳри мо аз ҳад гузашт ва дараҷаҳои ғайриоддӣ расида, меъёрҳои зиндагии шаҳрро баҳам мезанад."

Шаҳрванди Тоҷикистон Асрор Шоев, ки даҳ сол ба ин тараф дар Петербург ба сар мебарад, мегӯяд, ин дуюмин ҳодисаи ҳамла ба тоҷикон аст ва ҳар вақт дар шаҳр гурӯҳҳои сартарошидаҳоро мебинад, ки касе пеши роҳи онҳоро намегирад. Дар бораи он ки тоҷикон баъд аз ин фоҷиа дар чӣ ҳоланд, вай мегӯяд, ки тоҷикон, албатта, дар ташвишанд ва ягона умеди онҳо ба ҳокими шаҳр ва сохторҳои интизомист, ки бо боздошти гунаҳокорон ва ҷазо додани онҳо пеши роҳи такрор шудани чунин ҳодисаҳоро мегиранд.

Ба қавли хабаргузориҳо наздик будани интихоботи президентии Русия ва ватани Путин будани ҷойи воқеъа, шаҳри Петербург, ки як шаҳри сермиллат ба шумор меравад, ва синни хурди қурбонии қотилон, ки то ҷон додани духтарчаи тоҷик баъд аз 11 зарбаи корд дар болои сари ӯ истоданд, чунин вокуниши махсусро ба амал овардааст. Павел Другов, райиси созмони ҷавонони Яблоко дар Петербург мегӯяд: "Бояд решаҳои масъаларо табобат кард. Хуб, меёбанд, ин палидҳоро, ки кӯдакро куштанд, аммо ин воқъаҳо қатъ намешаванд."

Ва ду илова, ки таҳлилгарон онҳоро аломатҳои як кишвари бемор меноманд. 58 дарсад дар пурсиши афкор дар Русия аз Путин интизор доранд, ки Русияро аз нав ба Русияи Кабир табдил хоҳад дод. Дуюм, Путин дирӯз пешниҳод кард, Владимир Лукин масъули ҳуқуқи инсон дар Русия таъин шавад. Ҳамон Лукине ки ду сол пеш гуфта буд: "тоҷикон як зуҳуроти хазандаи тундгароӣ ва шӯришгариянд."

XS
SM
MD
LG