Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини аввали вазири хориҷа таъйин шуд



Мирзонабии Холиқзод



Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон, президент Эмомалӣ Раҳмонов 12 феврал бо судури як фармон Сироҷиддин Аслов - раиси пешини Бунёди байналмиллалии наҷоти Арал дар Тоҷикистонро - муовини аввали вазири хориҷаи кишвар таъйин намуд. Ба иттилои вазорати хориҷаи Тоҷикистон, пас аз сафири Тоҷикистон дар Австрия таъин гаштани Еркин Қосимов собиқ муовини аввали вазири хориҷаи Тоҷикистон то кунун дар ин курсӣ касе набуд.

Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои Додситонии кулли кишвар, муовини аввали додситони кулл Азизмад Имомов ба симмати муовини аввали вазири адлия дар ҷои Файзулло Абдуллоев таъйин шуд. Дар суҳбат ба Радиои Озодӣ Азизмад Имомов ин хабарро тасдиқ намуд.

Бар асоси иттилои додситонии ноҳияи Фрунзеи пойтахт ҳоло ба номи Сино додситони низомии Тоҷикистон, Шариф Қурбонов, аз вазифаи додситони низомии Тоҷикистон барканор шуда, дар ҳамин ноҳия дар вазифаи додситон таъйин шудааст. Ба ҷои у Раҳмонов Юсуф - додситони пешини ин ноҳия дар симмати додситони низомии кишвар таъйин гашт.

Бар асоси хабари додситонии ноҳияи Синои пойтахт, фармонҳои раиси ҷумҳур дар мавриди тағйирот дар додситониҳои кишвар дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси Миллӣ аз ҷониби вакилон тасдиқ шуданд.

Бар асоси як хабари дигари дафтари матбуоти раиси ҷумҳур, Сулаймон Абдулвоҳидов, раиси Кумитаи давлатии варзиш, ба ҷои Саидмуъмин Раҳимов таъйин гашт. Оқои Абдулвоҳидов то кунун дар вазифаи муовинати раиси кумитаи варзиш буд. Саидмуъмин Раҳимов раиси пешини ин кумита қаблан бо як фармони президент Эмомалӣ Раҳмонов аз ин вазифа барканор шуда буд.

XS
SM
MD
LG