Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори Хуршедаи нуҳсола дар Санкт-Петербург



Искандари Хоҷа Мирзода, Муҳаммадраҳими Сайдар, Мирзонабии Холиқзод

Назари мақомоти Тоҷикистону Русия, таҳлили матбуот, вокунишҳои маҳфилҳои сиёсиву ҷамъиятӣ.



Шоҳидони айнӣ мегуянд, ки рузи 11 феврал низ руи асфалти кучаи Бойтсови шаҳри Санкт-Петербурги Русия хуни духтари нуҳсолаи тоҷик Хуршеда Султонова ба чашм мерасад. Бегоҳи душанбе, 9 феврал Хуршеда ҳамроҳ бо падараш Юсуф Султонови 35-сола ва писари амакаш Акобири 11-сола ба яхмолакбозӣ баромада буд. Онҳо дар Русия қайди расмӣ доштанд.

Ҳангоми бозгашт ба хона гуруҳи сартарошидаҳои мусаллаҳ бо корд, занҷир ва калтакҳо ба муҳоҷирони тоҷик ҳамла карда, Хуршедаро бо 11 зарби корд ваҳшиёна куштанд. Юсуф Султонов ва ҷияни у Акобир бо ҷароҳатҳо ба бемористон интиқол дода шуданд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи шаҳри Санкт-Петербурги Русия бар асоси моддаи 105 кодекси ҷиноии Русия "куштор" парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд. Дар як суҳбати телефонӣ аз сафири фавқулодда ва мухтори ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ҷаноби Сафар Сафаров пурсидам, то ҳануз сафорат дар робита бо куштори Хуршеда Султонова чӣ кореро ба анҷом расонид?

Сафар Сафаров гуфт: "Худи ҳамон руз бо мо президенти мамлакат Эмомалӣ Шарипович суҳбат кард ва изҳори ташвиш ва нигаронии хешро аз он ҳодисаи Санкт-Петербург баён намуд ва супориш дод, ки ҳамаи чиз зери назорати сафорат бошад ва тамоми чораҳоро дидан даркор кӣ органҳои ҳифзи ҳуқуқ ин ҳодисаи нангин ва хунинро кушоянд ва фавран сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди намояндагии вазорати корҳои дохилии кишварамон дар Русия ситоди зудамал таъсис дод. Дар натиҷа миёни шаҳрҳои Москва-Душанбе-Санкт-Петербург алоқаи иттилоъотӣ буд ва ҳамаи он воқеаҳое, ки дар он ҷо шударо мо сари вақт ба Душанбе ва сафорат мерасонидем ва мо чораҳои амалӣ меандешидем."

Радиои Озодӣ: Муҳтарам Сафар Сафаров аз Петербург чӣ хабар аст? Оё касе аз кормандони сафорат ба он шаҳр сафар кардааст?

Сафар Сафаров: "Ба иттилоъи шунавандагони радио мерасонам, ки консули сафорати Тоҷикистон дар Санкт-Петербург мебошад ва барои ҷасади Хуршедаи 9-соларо ба Душанбе равон кардан ҳамаи чораҳоро мебинад ва супориш гирифтааст, ки бо органҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Санкт-Петербург вохурда, агар илоҷ бошад, бо губернатори Санкт-Петербург ҳам вохурад.

Ман телефонӣ бо намояндаи Тоҷикистон дар Маҷмааи парлумонии кишварҳои муштаракулманофеъ Сайфуллоев суҳбат чанд бор доштам. Ҳамаи воқеаҳо зери назорат аст, супориш додам, ки бо органҳои ҳифзи ҳуқуқ, бо падари марҳум Хуршеда якчанд бор вохурданд ва ҳар он чизе, ки барои кумак барои дафни Хуршедаи хурдсол даркор буд, ҷамъ оварда шудааст. Инчунин кумаки молиявии сафорати Тоҷикистон ба воситаи консул равона карда шуд ва пагоҳ, 12 феврал ҷасади Хуршеда ба Душанбе равон карда мешавад ва аз ҳамаи намояндагон ва аз диаспораи тоҷикон дар Санкт-Петербург хоҳиш кардем, оромиро пеша гиранд ва ҳаракат кунанд, ки бо ҳамроҳиву кумаки онҳо ҳамин воқеаи нангин аз тарафи органҳои ҳифзи ҳуқуқ саривақт кушода шавад."

Радиои Озодӣ: Ҷои ёдоварист, ки рузи 11 феврал сафорати Тоҷикистон бо нотаи эътирозӣ ба вазорати умури хориҷии Русия муроҷиат намуда, талаб кардааст, ки масъулони ин ҷинояти разилона ба муҷозоти муносиб гирифтор шаванд. Ва ҳамчунин дар мактубе, ки сафорати Тоҷикистон ба волии Санкт Петербург Валентина Матвиенко ирсол намуд, гуфта мешавад, ки соли гузашта ҳам дар Санкт-Петербург ҳодисаҳои шабеҳ ҷой доштанд, вале то ҳол қотилон дар озодӣ мебошанд.

Дар ин бора ва аксуламали ҳалқаҳои мухталифи сиёсиву ҷамъиятии худи Русия ба куштори Хуршеда Султонова ҳамкорамон Муҳаммадраҳими Сайдар аз Маскав маълумот медиҳад:

Ҳодисаи ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва куштори Хуршедаи нуҳсола дар расонаҳои хабарии Русия бозтоби густурда касб кардааст. Радиои Маяк ҳодисаро хуруҷи миллатчигӣ дар Санкт-Петербург дар ҳошияи теракт дар Маскав номид. Рузномаи МК чопи Маскав фоҷиаро фашизми питерӣ арзёбӣ кард. Ба навиштаи рузнома дар Петербург 6 ҳазор худро скинхед меноманд, аммо полиси шаҳр онҳоро на скинхед, балки узви созмони субкултура, яъне пайравони фарҳанге меноманд, ки дар асоси идеологияи мушаххас ташкил шудааст.

Рузномаи МК дар бораи даҳҳо ҳамлаи скинхедҳои Петербург ба атбои хориҷӣ, аз ҷумла кушта шудани лулидухтари шашсолаи тоҷик Нилуфар Сангбоева сеюми октябри соли гузашта ва беҷазо мондани қотилон хабар медиҳад. Нашрияи электронии Полит.ру аз қавли Акбар бародари Хуршеда менависад, ҳамлаворон Хуршедаро бо наъраи Русия барои русҳо куштанд. Ҳамин манбаъ ҳодисаро поксозии қавмӣ номидааст.

Фоҷиа ҳатто расонаҳоеро, ки ҳамеша сафеди Тоҷикистонро сиёҳ мегуфтанд, бетафовут нагузошт. Танҳо дар нимаи аввали рузи сешанбе, 10 феврал дар робита ба фоҷиаи Хуршед 26 матлаб интишор шуд.

Радиои Озодӣ: Хабарнигори мо дар Душанбе Мирзонабии Холиқзод мегуяд, дар Тоҷикистон аксуламали ҳалқаҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ниҳоят шадид буд ва онҳо аз мақомоти Русия тақозо мекарданд, ки ҷинояткорон пайдо ва ҷазо дода шаванд. Ва аммо сафорати Русия дар Тоҷикистон оиди куштори бераҳмонаи духтари тоҷик чӣ назар дорад? Бо ин суол ба сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ҷаноби Максим Пешков муроҷиат кардем.

Вай гуфт: "Мо чун ҳама мардум аз амали даҳшатноки куштори духтараки тоҷик дар ғазабем. Мо мутмаинем, ки ҷинояткорон боздошт ва шадидан муҷозот мешаванд. Ва чун дар атрофи ин мавзуъ ҳар гуна гапҳо паҳн мешаванд, бод бигуям, ки мо ба ҳеҷ ваҷҳ ин ҷиноятро бо равобити миёни мардуми тоҷику рус бастагӣ намедиҳем, зеро бепадарҳо дар ҳар миллат ҳастанд ва бо ин бепадарҳои фашист бояд муборизаи беамон бурд."

Радиои Озодӣ: "Муттассифона, баъзан фақат ҳамин гуна фоҷиаҳо боис мегарданд, ки кишварҳо ба камбудиҳо таҷдиди назар кунанд. Муддатҳост, ки Тоҷикистону Русия бар руи созиши муҳоҷирати корӣ баҳс доранд, вале ҳеҷ натиҷае мушоҳида намешавад. Оё таҷрибаи талх барои ду кишвар сабақхоҳад шуд?

Максим Пешков: "Аввалан, ин таҷрибаи талх ба созишномаи муҳоҷират ягон рабт надорад. Мушкилоти марбут бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ, такрор мекунам, муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва зимнан, муҳоҷирон на фақат аз Тоҷикистон, балки аз кишварҳои зиёд ғайриқонунӣ вориди Русия мешаванд, ин мушкилоти умумист ва онро на тавассути имзои созишнома ва ё на фақат бо имзои созишнома, балки бо иҷрои қонунҳои мавҷудаи Русия ҳал бояд кард. Чӣ қадаре, ки меҳмонони ба кишвар воридшуда қонунҳои Федератсияи Русияро иҷро намоянд, онҳо ҳамон қадар камтар мушкил хоҳанд дошт."

XS
SM
MD
LG