Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машварати донорҳо дар Лондон хотима ёфт



Искандари Хоҷа Мирзода



Рузи сешанбе дар Лондон мулоқоти миёндавраии ҳайъати Тоҷикистон бо кишварҳову созмонҳои кумакрасони Тоҷикистон, ки бо ташаббуси идораи тараққии байналмилалии ҳукумати Британия ташкил шуда буд, ба поён расид.

Дар давоми ду рузи баҳсҳо ҷонибҳо рафти иҷрои уҳдадориҳои конфронси машваратии кишварҳову созмонҳои кумакрасони Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо арзёбӣ намуданд. Моҳи майи соли гузашта донорҳо ба Тоҷикистон 900 миллион доллар кумак ваъда карданд, ки тақрибан 700 миллиони он мебоист ба ҳайси грант, яъне ёрии бебозгашт ба ин ҷумҳурии собиқ шуравии Осиёи Марказӣ тақдим мешуд.

Дар поёни мулоқоти донорҳо ва қабл аз тарки Лондон ҳайъати Тоҷикистон бо раҳбарони Бонки Аврупоии Бозсозиву Рушд вохурданд. Сипас ҳафтаи равон ҳайъати зери раҳбарии Файзулло Холбобоев бо маъмурони Комиссияи Аврупоӣ эҳёи татбиқи барномаҳои ТАСИС, барномаи кумакҳои техникии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистонро, ки баъди куштори корманди ин барнома дар соли 1997 мутаваққиф шуда буд, баррасӣ мекунад.

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо (аудио)

XS
SM
MD
LG