Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистонро ба Долони Шимолу-Ҷануб роҳ медиҳанд?



Абдуқайюми Қайюмзод

Тоҷикистон хоҳони пайвастан ба ин шабакаи роҳҳои байналмилалӣ аст.

Мавқеи ҷуғрофӣ ва мавҷудияти марзҳои муштарак бо кишварҳои узви лоиҳаи Долони Ҷануб-Шимол ба Тоҷикистон имкон медиҳад, дар сурати бозшавии ин долон ба ҳайси як кишвари тронзитӣ аз манфиати зиёд бархурдор шавад. Масъулини вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегуянд ба ин далел, ки Тоҷикистон дар чаҳорроҳаи ин долон ҷойгир шудааст ва кишварҳои бузурге назири Русия, Ҳиндустон, Эрон ва ҳамчунин кишварҳои аврупоӣ бо фаъол шудани он равобити иқтисодӣ ва тиҷоратии худро бештар густариш медиҳанд, дар ҳоли ҳозир масъалаи узвияти Тоҷикистон ба ин лоиҳа аз чанд соли пеш ба ин су мавриди омузиш қарор дорад.

Абдураҳим Ашуров - муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, роҳҳои ҳаллу фасли ин масъала бори дигар дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳсозони Иттиҳоди Кишварҳои Ҳамсуд, ки дар моҳи ноябри соли гузашта дар Душанбе баргузор гардид таъкид шуд. Ҷаноби Ашуров афзуд, ки Тоҷикистон барои узвият дар ин лоиҳа метавонад, аз як су бо пешниҳоди панҷ нуқтаи тронзитӣ дар самти Ишкошим, Панҷ, Кокул ва Хоруғ тавассути марзҳояш мавқеи худро қавитар ва аз суи дигар боаҳамият будани қаламравашро дар ин лоиҳа таъкид кунад.

Дар ҳамин ҳол масъулини вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон низ ҳарчӣ зудтар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Долони Шимол-Ҷануб ва пайвастани Тоҷикистонро ба он як гоми мусбат дар рушди иқтисоди кишвар арзёбӣ мекунанд. Масъулини ин вазорат мегуянд, тавассути ин долон шароити мусоиде барои интиқоли фаровардаҳои ватанӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ фароҳам мешавад ва афзун бар ин Тоҷикистон ба ҳайси кишвари умдаи тронзитӣ аз ин ҳисоб ҳам фоидаи хуб ба даст меоварад.

Ғафур Расулов сухангуи вазорати иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон мегуяд: "Ҳамин долон имконият медиҳад, ки Тоҷикистон ба бандарҳои бузурги Покистон, Ҳиндустон пайваст гардад. Долони Ҷанубу-Шимол имконият медиҳад, ки мо дар муҳлатҳои кутоҳтар маҳсулоти заруриро ба ин кишварҳо равон кунем. Дар вақти ба истифода дода шудани ин долон инчунин қоидаҳои интиқоли борҳо низ осонтар мешаванд ва имкон пайдо мекунем, ки ба кишварҳои хориҷ бидуни мамониат молҳои худро равон кунем ва аз он ҷо колоҳои мавриди назари худро бигирем."

Ва аммо коршиносони тоҷик бар ин назаранд фаъол шудани долон ва ё гузаргоҳи нақлиётии Шимол-Ҷануб як шабакаи шоҳроҳҳои ҷаҳонӣ, ки қарор аст аз Ҳинд то Русия кишварҳоро пайваст созад, на танҳо аз лиҳозӣ иқтисодӣ балки аз лиҳози сиёсӣ низ барои Тоҷикистон муҳим хоҳад буд. Сайфулло Сафаров - муовини раиси Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегуяд, ифтитоҳи ин долон Тоҷикистонро аз вобастагӣ ва фишори бархе аз кишварҳои раҳоӣ мебахшад: "Барои Тоҷикистон кушодани роҳҳои шимолу ҷануб хеле муфид аст, гарчанде дар олами рақобат мешавад, ки бисёриҳо ба ин чиз муқобил ҳам бароянд, вале мо ҳеҷ гоҳ манфиатҳои минтақавиро аз мадди назар дур намекунем ва кушиш мекунем, ки манфиатҳои ҳамсоякишварҳои мо низ ба ҳисоб гирифта шаванд. Мо бисёр манфиатдор ҳастем, ки ба воситаи сарҳадоти мо ҳарчӣ қадар борҳову одамон гузаранд ва барои онҳо шароитҳои лозимиро фароҳам хоҳем намуд."

Ва аммо масъулини вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегуянд, дар ҳоли ҳозир масъалаи узвияти Тоҷикистон ба лоиҳаи долони Шимол-Ҷануб дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Ва Тоҷикистон дар ҳоле метавонад, ба узвияти ин лоиҳа шомил шавад, ки роҳи мошингарди Душанбе-Кулоб-Қалаихумб, нақби Анзоб ва сохтмони панҷ пул дар фарози рудхонаи Панҷ ба анҷом бирасад. Дар ин сурат як ҳалқаи тронзитии ниҳоят васеъ, ки бо роҳҳои ҷаҳонӣ иртиботи мустақим дорад, давродаври Тоҷикистон ба вуҷуд хоҳад омад.

XS
SM
MD
LG