Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуздаҳ марзшиканро боздошт карданд



Сафаргул Олимӣ



Бар асоси иттилоъи дафтари матбуоти неруҳои марзбони Русия мустақар дар Тоҷикистон, дар ду рузи ахир дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 19 шаҳрванди Афғонистон, ки қасди убури ғайриқонунии сарҳади Тоҷикистонро доштанд, аз тарафи марзбонони рус боздошт шуданд.

Владимир Кондратев - сухангуи неруҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон - рузи 9 январ дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: "Дар ду қисмати минтақаи марзии ноҳияи Маскав рузи 7 феврал 6 нафар шаҳрвандони Афғонистон дастгир шуданд, ки бо мақсади ҷамъоварии ҳезум ғайриқонунӣ аз сарҳад гузашта буданд.

Ҳамчунин дар ҳамон руз дар қисмати минтақаи марзии Ишкошим боз 13 нафар сарҳадшикани дигар боздошт шуд, ки бо худ ягон ҳуҷҷат надоштанд ва онҳо низ ғайриқонунӣ барои бурдани ҳезум аз сарҳад гузашта буданд. Ҳамаи ин 19 нафар 9 феврал ба ихтиёри мақомоти амниятии Тоҷикистон супурда шуданд.

Оқои Кондратев ҳамчунин афзуд, рузи 8 феврал дар қисми сарҳадии Қалъаихумб марзбонони рус як пинҳонгоҳро кашф карданд, ки аз он 5 дона бастаи маводи мухадир, ки ҷамъ 5 килоро ташкил мекард, мусодира карда шуд.

XS
SM
MD
LG