Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар фурудгоҳ 1 кило тилло мусодира карданд



Абдуқайюми Қайюмзод



Кормандони додситони нақлиёти Тоҷикистон як кушиши аз роҳи кочоқ ворид кардани ҷавоҳироти тиллоро ба кишвар ҷилавгирӣ карданд.

Қурбоналӣ Муҳаббатов, додситони нақлиёти кишвар гуфт, кормандони пулиси андоз ва додситонӣ дар пайи як амалиёти муштарак дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз як шаҳрванди Тоҷикистон бештар аз як кило ҷавоҳироти тиллоро ба маблағи 10 000 доллар кашф ва мусодира карданд: "Алайҳи Абдуллоева Саноат, ки мехост аз Истамбул ба Душанбе беш аз 1 кило тилоро гузаронад, парвандаи ҷиноӣ боз шуд."

Ба иттилоъи додситони нақлиёти Тоҷикистон, Саноат Абдуллоева аз роҳи қочоқ ва бидуни пардохти молиёти гумрукӣ ин миқдори ҷавоҳиротро хостааст вориди кишвар кунад, вале пас аз хориҷ шудан аз минтақаи назорати гумрукӣ ва ҳангоми савори машина шуданаш боздошт мешавад.

Ҳамзамон оқои Муҳаббатов аз эҳтимолии мушорикати бархе аз ходимони идораи гумруки фурудгоҳи Душанбе дар ин қазия таъкид кард. Додситони нақлиёти Тоҷикистон гуфт, дар соли гузашта тавассути кормандони онҳо аз чандин ҳодисаҳои аз роҳи қочоқ ворид кардани маҳсулот ба кишвар ва махсусан доруворӣ ҷилавгирӣ шудааст. Аммо гуфт Қурбоналӣ Муҳаббатов, ҳодисаи боздошти як шаҳрванди кишвар ва ин ҳам хонум барои ворид кардани ороишоти тиллоӣ аз роҳи қочоқ бори аввал рух додааст.

XS
SM
MD
LG