Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон Иди Қурбонро таҷлил мекунанд



Тоҳири Сафар



Имруз якшанбе, 1 феврал мусулмонони ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон Иди Қурбонро таҷлил мекунанд. Президент Раҳмонов дар пайоми табрикотиаш ба муносибати ин ид таъриф кардааст, ки сол то сол иқтисодиёти кишвараш рушд мекунад ва соли равон 43 фоизи маблағи буҷаи давлатӣ барои бахшҳои иҷтимоӣ сарф мешавад, ки дар таърихи мустақилияти кишвар бесобиқа аст.

Дар маросими ҳаҷҷи имсола аз Тоҷикистон наздики панҷ ҳазор нафар ширкат мекунанд. Президент Эмомалӣ Раҳмонов дар паёми табрикиаш гуфтааст, умедвор аст, ки ҳоҷиёни тоҷик баъди бозгашт ба ватан барои боло бурдани ахлоқи ҷомеа саҳм хоҳанд гузошт.

Раҳмонов аз зоироне, ки бори дувумму сеюм сафари ҳаҷ мекунанд, давъат кардааст, аз сокини ноҳияи Қайроқум Анора Иброҳимова ибрат бигиранд. Ин зани эътиқодманди тоҷик бо сармояи барои сафари ҳаҷ ҷамъ овардааш, ятимеро ба фарзандӣ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG