Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоҷиёни тоҷикро боз фиреб карданд



Искандари Хоҷа Мирзода



Созмони Ҳилоли Аҳмари Имороти Муттаҳидаи Араб ба таври фавқулодда ба се ҳазор ҳоҷии тоҷики овора дар майдони ҳавоии аморати Шарҷаи ин кишвар кумак расонидааст. Ҳоҷиён бидуни раводиди сафар ва дигар санадҳои зарурӣ вориди Имороти Муттаҳидаи Араб шуда, наметавонистанд, барои адои фаризаи ҳаҷ аз хоки ин кишвар ба Арабистони Саудӣ убур намоянд.

Назар ба хабарҳои расида бо, дахолати шахсии раҳбари Шарҷа Шайх Султон Бин Муҳаммад ал-Қосимӣ мушкили ҳоҷиёни тоҷик ҳал шуд. Дар суҳбати телефонӣ бо Хамис Муҳаммад Ас-Сувайдӣ раҳбари Ҳилоли Аҳмари Аморат пурсидам, ки ҳоҷиёни тоҷик чӣ мушкилӣ доштанд?

Вай гуфт: "Мушкилӣ ин буд, ки онҳо раводиди сафар, виза надоштанд. Ҳамчунин баъд аз он, ки ширкатҳо ҳоҷиёни тоҷикро раҳо ва ё фиреб намуданд, онҳо барои сафар ба ҳаҷ автобус надоштанд."

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG