Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роберт Кристиансен ба Душанбе омад



Абдуқайюми Қайюмзод



Роберт Кристиансен - роҳбари намояндагии Сандуқи Байналмиллалии Пул ба манзури ошноӣ бо натоиҷи макроиқтисодии Тоҷикистон дар соли гузаштаи 2003 ва таҳия ва қабули як эъломияи иловагӣ бо ҳукумати кишвар вориди Душанбе шудааст. Оқои Кристиансен, ки тайи ду ҳафта дар Душанбе ба сар мебарад дар дидору гуфтугуҳояш бо масъулини умури иқтисоди кишвар аз ҷараёни татбиқи Барномаи коҳиши сатҳи камбизоати ва рушди иқтисодиёти ҳукумати Тоҷикистон изҳори қанотмандӣ кардааст.

Файзулло Холбобоев - мушовири давлатии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар масоили иқтисодӣ - дар як суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, яке аз ҳадафҳои сафари ҳайъати Сандуқи Байналмиллалии Пул таҳлилу натиҷагирӣ аз иҷроиши Барномаи коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва рушди иқтисодиёти ҳукумати Тоҷикистон мебошад, ки бо ҳамкорӣ ва кумаки коршиносону мутахассисони Сандуқи Байналмилалии Пул барои се сол аз соли 2003 то 2005 омода шудааст.

Оқои Холбобоев гуфт, Сандуқи байналмиллалии пул ҷиҳати татбиқи барномаи мазкури ҳукумати Тоҷикистон дар як соли пеш 87 миллион доллар тахсис дода буд ва дар як ҷаласае, ки 16 январи соли равон Шурои мудирони ин ниҳоди байналмиллалии молиявӣ дар Вашингтон доир кард аз тарзи татбиқи соли аввали ин барнома ва умуман ислоҳоти иқтисодии кишвар изҳори қаноатмандӣ кардааст.

Ва аммо Роберт Кристиансен раҳбари ҳайъати намояндагии Сандуқи Байналмиллалии Пул дар дидору гуфтугуҳояш бо мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, ки ин ҳайъат муваззаф шудааст, натоиҷи омузиши худро аз ҷараёни ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар шакли як гузориш омода ва барои иштирокдорони машварати фосилавии Шурои кишварҳои кумакрасон ба Тоҷикистон, ки бо пуштибонии Бонки Ҷаҳонӣ ва мусоидати департаменти рушди иқтисодии ҳукумати Бритониёи Кабир рузҳои 8-10 феврали соли равон дар Лондон баргузор мегардад, пешниҳод кунад.

XS
SM
MD
LG