Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмонов горди президентиро барҳам дод



Салими Аюбзод



Бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов имрӯз, 26 январ Горди президентии Тоҷикистон барҳам дода шуда, фармондеҳи он генерал Ғаффор Мирзоев аз вазифаи фармондеҳи ин ниҳод барканор гардид. Тибқи ҳамин фармони президент дар заминаи горди президентии Тоҷикистон Горди миллӣ таъсис ёфта, сарҳанг Раҷабалӣ Раҳмоналиев фармондеҳи ин горд таъйин шуд.

Ҳамчунин бо қарори ҳукумат Сайидмӯъмин Раҳимов аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии варзиш ва ҷаҳонгардӣ ва Ҷабборов аз вазифаи раиси кумитаи омор барканор шуданд. Сарони навоҳии Спитамен, Зафаробод ва Варзоб бо фармони президент ба истеъфо рафтанд.

XS
SM
MD
LG