Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои Ҳизби Таррақиёти Тоҷикистон бо вазорати адлия



Раҳматкарими Давлат

Масъулони ин ҳизб мегуянд, аз руи вазорат ба додгоҳи байналмиллалӣ шикоят хоҳанд бурд.

Султон Қувватов - раиси Ҳизби Тараққиёти Тоҷикистон, ки вазорати адлия аз сабти номи он худдорӣ кардаст, мегуяд, акнун қасд дорад, аз болои вазири адлия, ки дар сабти номи ин ҳизб ба қонуншиканӣ ба гуфтаи у, роҳ додааст ба додситонӣ шикоят кунад.

Оқои Қувватов, ки дар ҷамъи хабарнигорон ва намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ ва сафоратхонаҳои муқими Душанбе суҳбат мекард, гуфт, се сол ба ин ҷониб вазорати адлия бидуни далели мушаххасе ба дархостҳои мукаррари Ҳизби Тараққиёти Тоҷикистон барои сабти ном посух надодааст: "Се сол шуд, ки онҳо ба муқобили ман ин қадар харҷи молӣ ва маънавӣ додаст ва ман маҷбур мекунам, ки аз руи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз кунанд. Якуним сол бо вазири адлия ҳамин хел шиштем, ман гуфтам тибқи қонун шумо бояд дар муҳлати як моҳ ҷавоб диҳед, се сол шуд ва ягона гапе вай гуфт, ин ки ман аз раиси ҷумҳур бояд бипурсам."

Дар ҳамин ҳол гуфт, раиси ҳизби номнависнашудаи Тараққиёт намояндагони вазорати адлия бар хилофи нишондоди қонун аз тамоми як ҳазору дусад аъзои пешниҳодшудаи ҲТТ баёнот гирифтаанд, ки оё онҳо ба иродаи худ узвияти ҳизбро пазируфтаанд ва бо ойинномаи он ошноӣ доранд, ё не. Аммо вақте ки яке аз чунин афрод сокини ноҳияи Файзобод узвияташ ба ҳизби мазкурро таъйид кардааст, аз суйи мақомоти интизомӣ мавриди таъқиб ва боздошт қарор гирифтааст. Ин шахс мегуяд: "Ҷонов Изаттуло аз райони Файзобод. Моро аз хона милиса омада бурд. Раиси маҳалла ва юрист занҳоеро, ки овоз дода буданд (аъзои ҳизб шуданд) талхакаф карданд, ки шаб КГБ меояд ва сари шуморо метарошад. Ин ҳизб тараққиёт ном дорад, ба кӣ намефорад, ки Тоҷикистон таррақӣ кунад."

Султон Қувватов мегуяд, дар робита ба ин қазия низ ба додситонӣ шикоят хоҳад кард. Аммо мегуяд, вай ба адолати судӣ ва мустақилияти судҳо дар Тоҷикистон бовар надорад, аз ин ру дар робита ба қазияи ҳизбаш ба додгоҳ муроҷиат нахоҳад кард. Раиси ҲТТ афзуд, ҳамчунин ба созмонҳои байналмиллалӣ низ эътимоди чандоне надорад, зеро онҳо низ ба вазъият наметавонанд, мусоидат кунанд.

Аммо Абдувалӣ Тоҳиров - ёвари умури сиёсии маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон мегуяд, дар сурати мусоидати ҲТТ ин масъала аз ҷониби ин созмон метавонад баррасӣ ва ба ҳалли он мусоидат сурат бигирад: "Агар муроҷиат сурат бигирад, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо кумак мекунад, ки сабабҳои ба қайд нагирифтани ҳизб ёфта шавад ва илоҷи воқеа пайдо шавад."

Коршиносон мегуянд, ба таъхир афтодани сабти номи ҳизб бидуни далели мушаххас ва он ҳам ба дарозои се сол дар ҳар сурат бозгуи риоят нашудани қонун ва меъёрҳои демукросӣ мебошад. Нуралӣ Давлатов коршиноси тоҷик бо ишора ба гуфтаи Султон Қувватов дар бораи иҷоза пурсидани вазири адлия аз президент мегуяд: "Вазорати адлия бояд бе дахолати президент, масъаларо мавриди баррасӣ қарор диҳад, ҳуҷҷатҳоро санҷад ва ба қайд гирад."

Аммо вақте аз Султон Қувватов пурсиданд, ки акнун чӣ хоҳад кард, гуфт, тамоми талошҳоро ба харҷ дода ва аз тамоми роҳҳои қонунӣ истифода кардааст ва тамоми хостаҳои вазорати адлияро ба ҷо оварда ба сурате, ки ин вазорат ҳеҷ эътирозе ба асноди пешниҳоднамудаи ҳизб надорад ва афзуд, акнун мехоҳам, аз шумо бипурсам, ки боз чӣ метавон кард.

Ба назари коршиносон, мақомот дар ҳоле, ки як соли дигар то интихоботи парлумонӣ боқӣ мондааст, ҳадди аксари талошҳоро ба кор хоҳанд бурд, то аз зуҳури ташаккулҳои ҷадиди сиёсӣ ҷилавгирӣ шавад. Ва ба таъхир афтодани сабти номи ҳизби Султон Қувватов низ ба назари коршиносон дар ҳамин росто қобили арзёбист.

XS
SM
MD
LG