Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаро президент таъйин мекунад



Мирзои Салимпур



Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон мақоми намояндаи ин кишвар дар умури муҳоҷират дар Русия баланд бардошта шуд. Акнун ин намояндаро на вазорати шуғли аҳолӣ, балки худи раҳбари давлат таъйин мекунад.

Вазири шуғли аҳолии Тоҷикистон Мамадшоҳ Илолов зимни эъломи ин хабар ба ИТАР-ТАСС гуфтааст, Тоҷикистон ҷонибдори ҳадалмумкин ба маҷрои қонунӣ овардани ҷараёни муҳоҷират байни Тоҷикистону Русия будааст. Оқои Илолов мегуяд, Тоҷикистон набояд мардумашро озими бозори сиёҳи кори Русия намояд, чунки дар ин сурат шумори бузурги мардикорони тоҷик ба ҳеҷ кадоме аз ин ду кишвар молиёт намесупоранд ва маълум нест, ки фоидаи садҳо милён доллар ҳақулзаҳмаи ин муҳоҷирин ба кисаи кӣ ворид мешавад.

Вазири шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамзамон хостори эҷоди як шароити боимтиёз барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия шуд ва гуфт, ин масъала бояд тавассути вуруди тағйирот ба қонунҳои ҷории Русия ҳал шавад.

XS
SM
MD
LG