Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе ихроҷи муҳоҷиронро амри оддӣ хонд



Раҳматкарими Давлат



Мақомоти расмии Тоҷикистон ихроҷи навбатии муҳоҷирини кории тоҷик аз Русияро як амри муқаррарӣ вобаста ба иҷро нашудани қонунҳои ҷории он кишвар аз ҷониби муҳоҷирини тоҷик медонанд. Салоҳиддин Насриддинов - муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, муҳоҷирини тоҷик дар Русия дар аксар маврид аз надонистани муқаррароти он кишвар ба чунин мушкилот рубуру мешаванд.

Оқои Насриддинов афзуд: "Сабаби асосиашро дар он мебинам, ки онҳо қонунҳои мигратсионии Федератсияи Русияро риоя накарданд, яъне ҳуҷҷатҳои қонунӣ надоштанд."

Дар ҳамин ҳол ба назари Ҷамшед Қуддусов - раиси идораи бозори кор ва шуғли аҳолии вазорати кори Тоҷикистон - танҳо роҳи ҳалли мушкили мавҷуд, то дар оянда муҳоҷирони тоҷик гирифтори ин гуна вазъият нашаванд, додани омузишҳои лозим ба онҳо дар бораи қавонин ва муқаррароти Русия қабл аз муҳоҷират ба он кишвар мебошад.

Оғои Қуддусов мегуяд, муҳоҷират бояд бар асоси барномаҳои таъйиншуда ва бо кафолати идораҳои марбут ба вазорати кор сурат бигирад, то дар сурати пеш омадани мушкил вазорати кор битавонад, ба муҳоҷирин кумак намояд.

Аммо муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон мегуяд, роҳи асосии ҳалли ин масъала ҳамоно ҳарчӣ зудтар ба имзо расонидани созишномаи миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик аст.

Ба гуфтаи мақомоти марбутаи Тоҷикистон, тарҳи созишномаи мазкур дар дасти баррасии ҷонибҳо қарор дошта ва интизор меравад, он дар дар ҷаласаи навбатии комиссияи муштараки ду кишвар дар охири моҳи январ ва ё аввали моҳи феврал мавриди муҳокима қарор гирифта ва ниҳоӣ шавад.

Муҳоҷирини меҳнатии Тоҷикистон, ки теъдоди онҳо бештар аз 1 миллион нафар гуфта мешавад ва аксари онҳо дар Русия машғули кор ҳастанд, солона ба маълумотҳои ғайрирасмӣ ба иқтисоди ин кишвар то 800 миллион доллар ворид мекунанд.

XS
SM
MD
LG