Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДОДГОҲИ ОЛӢ ХАШМИ ҲНИТ-РО БАРАНГЕХТ



Абдуқайюми Қаюймзод



Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон рузи 14 январ бо пахши як изҳорот, таввасути Додгоҳи Олии кишвар ба 16 соли зиндон маҳкум шудани Шамсиддин Шамсидинов - муовини собиқи раиси ин ҳизбро ихлоле ба раванди сулҳи тоҷикон унвон кардааст. Дар изҳороти ҳизби мазкур, ки аз номи шурои сиёсии он пахш шудааст, ҳукми Додгоҳи Олии кишварро нисбати Шамсиддин Шамсиддинов, хилофи қонун ва туҳмат хондаанд.

Сайид Абдуллои Нурӣ - раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон - дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қазияи ба сари муовини пешини у Шамсиддин Шамсиддинов омада, идомаи амали қаблан тарҳрезишудаи бархе аз гуруҳҳое дар шохаҳои гуногуни давлат мебошад, ки мехоҳанд, дар арафаи интихоботҳои қарибулвуқуъ бо чунин усулҳо Ҳизби Наҳзатро дар ҷомеа бадном созанд: "Дар ин авохир баъзе ҳаракатҳое аз тарафи баъзе аз масъулини давлатӣ мушоҳида мешавад, ки онҳо вазъро хароб мекунанд, яъне ба ҳамон сулҳ, ба ҳамон ваҳдат, ба ҳамон боварие, ки мардуми тоҷик ба якдигар доштанд, садама мезананд."

Ҷузъиёти бештари суҳбати Нурӣ дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG