Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МАРКАЗИ КУМАК БА МУҲОҶИРОН ИФТИТОҲ ШУД



Раҳматкарими Давлат



Рузи чоршанбе, 14 январ, дар шаҳри Душанбе Маркази таъмини иттилоотии муҳоҷирини корӣ ифтитоҳ шуд. Ин марказ бо ибтикори созмони ҷаҳонии муҳоҷират ва мусоидати молии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо таъсис шудааст. Ин маркази иттиллоотӣ бояд ба ашхосе, ки қасди муҳоҷират ба хориҷ аз Тоҷикистонро доранд, машварати зарурии ҳуқуқӣ ва иттилоотиро бидиҳад.

Игор Боск - намояндаи Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Тоҷикистон - дар ин бора мегуяд: "Маркази иттиллоотӣ мақсад дорад, ки пеш аз рафтани муҳоҷирин онҳо имконият дошта бошанд, ки маълумоти зиёдтар пайдо кунанд, на танҳо дар масъалаи ҳуқуқӣ, балки дар дигар масъалаҳо, аз ҷумла масъалаи билет, ҳуҷҷат, картаи мигратсионӣ, масъалаи регистратсия дар Русия ва кишварҳои ҳамсоя, иҷозаи кор, пайдо кардани кори қонунӣ, хидмати тандурустии барои муҳоҷирон дар хориҷа, интиқоли пул, интиқоли ҷасади муҳоҷироне, ки дар Русия ҳалок мешаванд ва умуман тамоми масъалаҳои даркорӣ барои муҳоҷирон."

Дар ин марказ ба гуфтаи оқои Боск, аслан мутахассисони соҳаи ҳуқуқ ва иттиллоот кор мекунанд. Маркази иттилоотӣ барои муҳоҷирини корӣ дар шаҳри Маскав низ як нафар намояндаи доимӣ хоҳад дошт. Маркази мазкур тибқи барнома барои як сол пешбинӣ шудааст, вале Игор Боск мегуяд, умедвор аст, баъди як сол низ воситаҳои молиро барои идомаи кори фаъолияти маркази мазкур пайдо намояд.

Дар ҳамин ҳол Ҷамшед Қуддусов - мудири идораи бозори кор ва шуғли аҳолии вазорати кори Тоҷикистон, ки зимини ифтитоҳи маркази муҳоҷирин ҳузур дошт, гуфт, қарор аст, созишномаи миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирини корӣ ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо ба зудӣ ба имзо бирасад.

Оқои Қудусов гуфт, дар поёни моҳи январ баргузории ҷаласаи навбатии комиссияи муштараки ду кишвар дар назар аст, ки зимни он бояд созишномаи мазкур ниҳоӣ шавад. Имзои ин созишнома метавонад, вазъи ҳуқуқии муҳоҷирини кории Тоҷикистон дар Русияро, ки аксари кулли муҳоҷирини тоҷик дар он ҷо ба сар мебаранд, беҳбуд бахшад.

XS
SM
MD
LG