Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

РОҲИ ДУШАНБЕ-ХОРУҒ АЗ НАВ БОЗ ШУД



Тоҳири Сафар



Хабаргузории "Итар Тасс" гузориш додааст, ҳаракати нақлиёт таввасути роҳи Душанбе-Хоруғ, ки баста шуда буд, аз нав барқарор гардид. Барфи сангини чанд рузи ахир сабаби тармарезӣ ва баста шудани роҳҳои автомобилгарди куҳии шарқи Тоҷикистон, аз ҷумла роҳи 600 километрии Душанбе-Хоруғ гардид. Баландии барф дар бархе аз манотиқ то як метру 20 сантиметр баланд шуд. Ин офати табиӣ ҳамчунин шаш нафарро қурбон кард.

XS
SM
MD
LG