Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДАР ДУШАНБЕ ВА ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОН ГАЗ НЕСТ



Мирзои Салимпур



Сокинони пойтахти Тоҷикистон ва тақрибан тамоми минтақаи ҷануби ин кишвар аз оғози ҳафтаи равон бидуни газ мондаанд.

Раиси кунунии ширкати гази Тоҷикистон Ҳусейн Алиев ба ИТАР-ТАСС гуфт, сабаби чунин ҳол вуқуъи садама дар қисмати узбакистонии лулаи гази Шуртан -Душанбе аст. Оқои Алиев гуфт, ин садама дар куҳистони ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё рух додааст ва шароити номусоиди обуҳаво ва ҷуғрофиёи маҳал барои зудтар анҷом додани тармими лулаи газ даст намедиҳад.

ИТАР-ТАСС мегуяд, ба маҳзи адами нируи газ чанд корхонаи саноатии Тоҷикистон низ аз фаъолият бозмондааст.

XS
SM
MD
LG