Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабаҳи Ҳизб-ут-таҳрир дар Тоҷикистон



Мирзонабии Холиқзод

Интишори варақаҳои тарғиботии ин ҳизби тундрав дар шаҳри Душанбе афзудааст.

Сокинони маҳаллаи 63-уми шаҳри Душанбе субҳи чаҳоршанбе, 7 январ бо боз намудани дари хонаҳои худ, варақаҳоеро пайдо карданд, ки ба Ҳизб-ут-таҳрир-ал-исломӣ тааллуқ дошт. Руи он бо сарлавҳаи бузург навишта шудааст: "Ғарби кофир бо воситаи гумоштаҳои худ дар Тоҷикистон, бар зидди серфарзандӣ мубориза мебарад."

Сокинони пойтахти Тоҷикистон мегуянд, дар чанд моҳи ахир ин 15-умин маврид аст, ки аз номи Ҳизб-ут-таҳрир дар дохили почтаи манзил ё дар пушти дари хона чунин варақае гузошта мешавад. Ва дар ин варақаҳо аслан мавзуҳои иҷтимое, ки аз масоили муҳим ба шумор мераванд, ишора мешавад.

Коршиносон мегуянд, Ҳизб-ут-таҳрир намехоҳад, дар Тоҷикистон чеҳраи худро вонамуд кунад, танҳо шабаҳи он эҳсос мешавад ва ин ҳизб ба таври ошкоро ҳузур доштанро ҳам намехоҳад. Саид Аҳмадов - раиси Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон мегуяд: Ҳизби таҳрир ҳизби ошкор нест, худаш низ намехоҳад, фаъолияти ошкор барад. Ин ҳизб метавонад, ки таъсири манфӣ дошта бошад, зеро он ҳар гуна роҳи расидан ба қудрати сиёсӣ расиданро раво мебинад."

Гуруҳи байналмиллалии буҳроншиносӣ дар як гузориши худ мегуяд, Ҳизб-ут-таҳрир роҳҳои мухталифи ҷалби одамонро ба тарафи худ низ истифода мекунад, ки якеи он намоишҳои эътирозӣ аст. Онҳо ба василаи намоишҳои эътирозӣ ҳизби худро ба унвони як неруи муҳими сиёсӣ дар ҷомеа пешниҳод намуда, таваҷҷуҳи мардумро ба суи худ мекашанд.

Дар охирҳои соли гузашта, гуруҳи занон ба ҳайси наздикони аъзои Ҳизб-ут-таҳрир дар шаҳри Хуҷанд ва ҳам дар Душанбе намоишҳои эътирозӣ баргузор карданд, вале аз тарафи кормандони умури дохила пароканда шуданд.

Ба гузориши созмони буҳроншиносӣ, роҳи дигаре, ки барои муаррифии Ҳизб-ут-таҳрир аз ҷониби аъзои он анҷом дода мешавад, ин фаъолият бурдан дар маҳбасхонаҳо мебошад. Як узви Ҳизб-ут-таҳрир гуфтааст, ки дар маҳбасҳо онҳо ба ҳар нафаре, ки зиндонӣ ҳаст, кумак мекунанд, Туҳфаҳо мефиристанд, пул ва сигарет медиҳанд.

Коршиносони тоҷик низ ба ин назаранд, ки Ҳизб-ут-таҳрир аз тарафи кишварҳои арабӣ ва давлатҳои дигар сармоягузрӣ мешаванд ва онҳо бо пул ҷавонони бекор ва камбағалро ҷалб мекунанд. Исмоил Раҳматов коршиноси мустақили тоҷик мегуяд: "Дар Тоҷикистон 80 дар сад камбизоат аст ва ин қишри камбизоат ба ҳар кор қодир аст. Ҳизб-ут-таҳрир ва раҳбарони он низ кушиш мекунанд, ҳамин қишри ҷомеаро ба тарафи худ ҷалб кунанд."

Дар Тоҷикистон Ҳизб-ут-таҳрирро дар қатори гуруҳҳои иртиҷоӣ ва ифротгаро мегузоранд ва ҳузури онро дар минтақа барои амният хатарзо меҳисобанд. Фармондеҳи неруҳои марзбонии Тоҷикистон Абдураҳмон Азимов дар як нишасти ахир дар Тоҷикистон гуфт, Ҳизб-ут-таҳрир ба унвони як неруи экстремистӣ дар паҳлуи Ҳаракати Исломии Узбакистон ба суботи кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад. Тибқи иттилои додситонии шаҳри Душанбе, танҳо дар пойтахти Тоҷикистон беш аз 30 аъзои Ҳизб-ут-таҳрир ба маҳкама кашида шуда, аз 15 то 20 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Абдулло Ҳабибов - узви кумитаи амният ва дифои Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон мегуяд, Ҳизби таҳрир азбаски мухолифи сиёсат ва низоми давлатдории Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа мебошад аз ин ру ҳатман ба амнияти давлатҳо таҳдид мекунад: "Чӣ амале, ки онҳо кунанд, ба нафъи давлати мо нест. Онҳо одамони ғаразнок ҳастанд ва одамоне ҳастанд, ки мехоҳанд вазъияти Тоҷикистонро халалдор кунанд."

Дар баробари таъқибу боздошт ва ба маҳкама кашиданҳои аъзои Ҳизб-ут-таҳрир аз тарафи мақомоти интизомии кишварҳои Осиёи Марказӣ онҳо наҳваи муборизаи худро дигар накарда, бо истифода аз сустиҳои ин кишварҳо мубориза мебаранд.

Аксари намояндагон мақомоти интизомӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон низ бар инанд, ки бояд усули мубориза алайҳи Ҳизб-ут-таҳрирро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тағйир дод. Раиси Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон Саид Аҳмадов мегуяд, рафтори Ҳизб-ут-таҳрир аз лиҳози шариат ва қавоиди исломӣ ҳам нодуруст аст. Ва агар аҳдофи аслии онҳо ошкор шавад, маълум хоҳад шуд, ки ин ҳизб дар Тоҷикистон чизи дигар мехоҳад: "Фаъолияти онҳо барои таҳкими шариат ва ё ислом нигаронида нашудааст. Барои ташвиқи ислом масҷидҳо ҳастанд ва озодона фаъолият мекунанд. Ислом эҳтиёҷ ба Ҳизби таҳрир ва ё чунин ҳизби дигаре ниёз надорад."

Ва аммо яке аз аъзои Ҳизб-ут-таҳрир мегуяд, алайҳи таҳририҳо аз ҷониби мақомоти ин кишварҳо ба ҳар шевае, ки мубориза бурда шавад, таҳририҳо дар иваз талош мекунанд, аққалан таваҷҷуҳи як нафарро дар ҳар куҷое, ки бошад, ба тарафи худ бикашанд.

XS
SM
MD
LG