Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЛУЛАИ ГАЗИ УЗБАКИСТОН БОЗ АЗ КОР МОНД



Мирзои Салимпур



Хабаргузории русии "Интерфакс" ва ожонсии маҳаллии "Азия Плюс" бар пояи маълумоти ширкати гази Тоҷикистон хабар додаанд, ки интиқоли газ барои шаҳри Душанбе ва чанд ноҳияи дигари Тоҷикистон ба иллати вуқуъи садама дар лулаи гази Узбакистон аз шоми душанбе қатъ шудааст.

Феълан дар маҳалли садама тадобири изтирорӣ барои тармими хатти газ ба роҳ андохта шуда, масъулони ширкати газ мегуянд, тавзеъи гази табиӣ дар кутоҳфурсат аз сар гирифта хоҳад шуд.

Ширкати Гази Тоҷикистон ва корхонаи "Узтрансгаз"-и Узбакистон дар охири соли гузашта дар Тошканд ба қарордоде имзо гузоштанд, ки тибқи он Узбакистон уҳдадор шудааст дар соли ҷории 2004 ба Тоҷикистон ба миқдори 760 милён метри мукааб газ фурушад.

Дар ҳамин ҳол, иддае аз сокинони шаҳри Хуҷанд рузи душанбе ба сабаби адами нируи барқу газ дар манзилҳояшон дар рубаруи бинои ҳукумати вилояти Суғди Тоҷикистон даст ба як намоиши эътирозӣ задаанд. Онҳо мегуянд, ғояти беинсофист, ки мақомот онҳоро дар айни сармои зимистон аз ҳама гуна василаи мумкини гарм кардани манзил маҳрум кардаанд.

XS
SM
MD
LG