Мирзои Салимпур
Дар нишасти навбатии намояндагони доимии кишварҳои узви созмони ҳамкориҳои иқтисодии АвроОсиё (ЕвразЭС) дар шаҳри Маскав як масъалаи аслии матруҳа шуруъи дубораи ҳаракати қаторҳои роҳи оҳани Тоҷикистон дар масири Душанбе - Маскав ва ифтитоҳи равуои қаторҳо дар ду масири дигари Душанбе - Новосибирск ва Хуҷанд - Новосибирск хоҳад шуд.
Хабаргузории "Азия Плюс" бо истинод ба манобеъаш дар вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон навишт, ки ин нишаст дар нимаи дуввуми моҳи январ доир мешавад ва қарор аст дар маҷмуъ 16 масъалаи муҳими ҳамкории байни кишварҳои узви ин созмонро баррасӣ кунад.
Тоҷикистонро дар ин маҷлис намояндаи доимиаш дар ЕвразЭС Содиқ Ҳусайнов намояндагӣ хоҳад кард.