Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТОҶИКИСТОН ТАШНАИ БАРҚИ ҚАЗОҚИСТОН АСТ



Мирзонабии Холиқзод



Рашид Гулов сардори раёсати сиёсати энергетикаи вазорати энергетикаи Тоҷикистон 5 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, то кунун гуфтушунидҳо байни мақомоти ниҳодҳои барқи Тоҷикистон ва Узбакистон дар масъалаи интиқоли якуним миллиард киловат соат барқи Қазоқистон ба Тоҷикистон аниқтараш барои корхонаи алюминиуми ин кишвар, натиҷа надодааст.

Дар моҳи декабри соли гузашта Тоҷикистон ба хотири ҳифзи иқтидори корхонаи арзизи худ, бо вазорати энергетикаи Қазоқистон дар масъалаи ба Душанбе додани якуним миллиард киловат соат неруи барқ мувофиқат кард, аммо бинобар адами имкони интиқоли транзити барқ аз тариқи Узбакистон, Тоҷикистон наметавонад, ин миқдор барқро аз худ кунад.

Рашид Гулов - сардори раёсати сиёсати энергетикаи вазорати энергетикаи Тоҷикистон - дар робита ба ин масъала мегуяд, ин печидагӣ ангезаи сиёсӣ надошта, мушкилоти техникӣ дорад: "Дар ин ҷо ягон сабаби сиёсӣ вуҷуд надорад. Сабаби асосӣ набудани шароити техникии хатҳои интиқоли барқ мебошад. Барои он ки дар фасли зимистон хатҳои интиқоли барқи Узбакистон пурра барои интиқоли барқи дохили кишвар банд мешаванд."

Дар остонаи соли нав як ҳайъати баландпояи ҳукумати Тоҷикистон, таҳти сарварии нахуствазири кишвар Оқил Оқилов барои идомаи доду ситади барқва газ байни ду кишвар ба Тошканд сафар кард. Аммо бар асоси иттилоъи вазорати энергетикаи Тоҷикистон, дар масъалаи интиқоли транзити барқ аз тариқи Тошканд ҳайъатҳо ба натиҷае нарасиданд ва масъалаи якуним миллиард киловат соат неруи барқи Қазоқистон низ норушан боқӣ монд.

Вазорати энергетикаи кишвар мегуяд, дар ҳоли ҳозир Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон омодаанд, ба Тоҷикистон барқ вом диҳанд ва дар фасли гармо ҳамин миқдорро пас гиранд, вале мушкилот дар роҳи транзити интиқоли барқ аз тариқи Узбакистон ба ин иҷоза намедиҳад.

Намояндагони вазорати энергетика ва ширкати "Барқи тоҷик" бар инанд, ки ҷараёни музокирот бо мақомоти Узбакистон аз ҳалли ҳарчӣ зудтари масъалаи интиқоли транзити барқ дарак медиҳад. Дар ҳоли ҳозир бар асоси созишномаи ахири байни ду давлат, дар масъалаи доду ситади барқ ба имзо расида, Тошканд ҳамаруза ҳудуди 3 миллион киловат соат ба Душанбе барқ медиҳад, вале ин ҷавобгуи талаботи Тоҷикистон нест. Тоҷикистон дар фасли сармо ба 5 миллиард киловат соат неруи барқ ниёз дорад.

XS
SM
MD
LG