Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳимтарин воқеаҳои сиёсии Тоҷикистон дар соли 2003



Раҳматкарими Давлат

Гузориши вижаи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ

Муҳимтарин воқеаи сиёсии соле, ки пушти сар мешавад, дар Тоҷикистон баргузории ҳамапурсӣ ба манзури ислоҳоти Қонуни Асосии кишвар унвон шудааст. Аммо бархе ин воқеаро пешрафти сиёсӣ ва бархе дигар ҳамчунон як гом ба ҷониби ақиб тафсир мекунанд. Ҷонибдорони ислоҳоти Қонуни Асосӣ мегуянд, раъйпурсии суратгирифта, як гуна намунаи пешрафти сиёсӣ ба он далел аст, ки аҳзоби мухталиф тавонистанд, ба дар сатҳи ҷаҳонбинӣ ва андешаи худ ба ин маърака бархурд кунанд ва дар анҷоми ин кор комилан озод ва мустақил буданд.

Сайфулло Сафаров - узви раёсати Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон ва муовини раиси маркази Пажуҳишгоҳи стратегии Тоҷикистон мегуяд, ҳамапурсӣ дар фазои озод баргузор шуд ва бо вуҷуди мухолифати бархе аҳзоб мардум ба ҷонибдории ислоҳот овоз дод. Ин ба назари у шарти ҷомеаи демокаратист: "Дохил намудани тағйироту иловаҳо барои рушди аҳзоби сиёсӣ ва мустаҳкам намудани мавқеъи онҳо сабаб гашт, ки ин барои мо хеле мухим аст. Ҳар ҳизби сиёсӣ тавонист, ки ҳам мавқеъи худашро нишон диҳад ва ҳам норозигии худашро аз баъзе мавқеъҳо ё баъзе нуктаҳои ин тағйирот кушоду равшан ба воситаи ахбори омма ба ҷомеа пешниҳод намояд. Тағйироту иловаҳо барои Тоҷикистон ва тоҷикистониён имконоти зиёдтарро фароҳам хоҳанд овард."

Аммо Раҳматулло Валиев - дабири кулли Ҳизби Демократ, ҳизбе, ки раъйпурсӣ ба манзури ислоҳоти Қонуни Асосиро таҳрим карда буд, муътақид аст, ки ин иқдом муҳимтарин воқеаи сол буд, вале пешрафт маҳсуб намешавад: "Тағйироту иловаҳо ба Қонуни Асосии Тоҷикистон ин як қадаме ба ақиб буд. Дар Русия як давлати калон ду муҳлати интихобот барои як нафар президент ҷудо шудааст, ва дар ду муҳлат, яъне дар 8 сол президент коре карда метавонад, яъне сиёсати худро ҷорӣ карда метавонад. Дар як Тоҷикистони кучак, ки аҳолии зиёде ҳам надорад, дар ду муҳлати 5 сола гуё агар касе интихоб шавад, коре карда наметавонистааст. Барои ин оварданд, ду 7 сола карданд. Ин як қадам ба пеш ва ду қадам ба ақиб буд."

Вале коршиносон ва таҳлилгарони мустақил дар ин замина чӣ назар доранд? Нуралӣ Давлатов таҳлилгари сиёсӣ мегуяд, агарчанд аҳзоб дар баёни ақидаи худ дар баргузории ин раъйпурсӣ озод буданд, аммо муҳимтар ин буд, ки назари ин ҳизбҳо ва қишрҳои ҷомеа низ дар ислоҳот мадди назар мебуд. Ва гузашта аз ин аҳзоби мухолиф имкони ибрози назарро аз тариқи расонаҳо надоранд.

Ба назари оқои Давлатов, вақте ки ба мардум имкони ширкат дар баррасии тарҳи ислоҳот дода намешавад, як қисмат аз аҳолӣ ҳамчунон норизо боқӣ мемонад ва ин мушкилест Тоҷикистон дер ё зуд дубора ба он бар хоҳад гашт: "Ҳама хуб мефаҳмиданд, ки як масъала вуҷуд дошт, яъне масъалаи бори севвум интихоб кардани президент дар Тоҷикистон. Ва тамоми даъво аслан ба хотири ҳамин масъала буд ва инчунин пулакӣ кардани маориф ва тандурустӣ. Аммо дар сурате, ки мардум дар ҳолати хеле бад зиндагӣ мекунад ва қариб 90 фоизи мардум аз ҳадди фақр пасттар зиндагӣ мекунанд, ин гуна ислоҳот барои Тоҷикистон наметавонад, пешрафт маҳсуб шавад. Зеро мардум имкони пардохт кардани ҳаққи маориф ва тандурустиро надорад ва ин метавонад, дар оянда барои худи ҳукумат мушкил эҷод кунад. Барои он ки барои ба як муҳлати ҳафтсола интихоб шудан ин чунин маъно дорад, ки аллакай як насл иваз мешавад. Агар умри миёнаи як наслро 25 сол ҳисоб кунем. Ва ин чунин маъно дорад, ки Тоҷикистон ё кишвари истибдодӣ мешавад ё ба партократияе, ки дар даврони шуравӣ буд, як кас то мурданаш бояд дар сари қудрат истад."

Аммо аз руйдодҳои дигари сиёсӣ кадомеро метавон муҳимтар унвон кард. Фахриддини Холбек таҳлилгари дигари тоҷик баёнияи фармондеҳии нируҳои марзбониро дар бораи омода будани марзбонони тоҷик барои ҳифзи марзҳои ин кишвар ба ҷои марзбонони рус далеле аз талоши мақомоти сиёсии кишвар дар ҷиҳати барҷаста кардани истиқлолияти сиёсӣ медонад: "Нуралишоҳ Назаров фармондеҳи ситоди нируҳои марзбонӣ дар бораи омодагии нируҳои ин кишвар барои ҳифозати марзҳо як изҳорот дода буд, аз доираҳои ҳукуматӣ баромадани як чунин ақида ҳеҷ ба тасаввур намегунҷид, зеро ҳамеша чунин андешида мешуд, ки Тоҷикистон ба ин кор қодир нест ва бояд марзҳояшро дигарон ҳимоят кунанд. Агарчанд ин изҳори назари у фикри шахсии Назаров маънидод шуд, аммо боз ҳам ин як падидаест аз дарки истиқлолият."

Ба назари бисёре аз мусоҳибони ман дар саҳнаи матбуоти тоҷик баъди солҳо хомушӣ зуҳур кардани нашрияҳои мустақил як падиди муҳим ва нишоне аз рушди озодиҳои сиёсӣ ва демократия дар Тоҷикистон аст. Боз ҳам Фахриддини Холбек:" Як падидаро он гоҳ мешавад навигарӣ гуфт, ки дар тафаккури мардум як навигарие ворид карда тавонад. "Рузи нав" ва "Неруи сухан" ҳамин корро карданд, яъне мардум минбаре пайдо кард, то фикри худро гуфта тавонад. То ин дам дар таҷрибаи давлатдории Раҳмонов чунин таҷриба набуд. Он ки ҳукумат чӣ гуна ба ин пешрафт нигоҳ мекунад, ин масъалаи дигар аст. Вале ин ҳамчунон пешрафт маҳсуб мешавад."

Аммо Раҳмтулло Валиев намояндаи ҲДТ ба ин ҳама пешрафт бо назари тардид менигарад. У мегуяд, пешрафт заминаҳои озодии баён ва сиёсат як амри табиист, вале мақомоти ҳукумат талош мекунанд, ин падидаҳоро хафа кунанд. у манъи чопи "Рузи нав"- ро дар чопхонаи ҳукмуатӣ мисол меорад ва мегуяд, чӣ тавр мешавад, аз пешрафт сухан гуфт, дар ҳоле, ки ду рузи пеш додгоҳи шарҳи Конибодом қарори ҳавзаи интихоботиро дар бораи баранда шудани намояндаи Ҳизби Демократ бекор кард. Ин ҳол ба назари у далелест, ки ҳукумат ҳузури як нафар намояндаи ҳизби мухолифро ҳатто дар маҷлиси маҳаллӣ наметавонад таҳаммул кунад.

У мегуяд, аксари намояндагони ҳавза ва қитъаҳои интихоботӣ аъзои Ҳизби Халқӣ-Демократӣ буданд ва чӣ тавр мешавад, ки натиҷаи интихоботро ба нафъи ҳизби дигар тақаллуб кунанд. Ба ақидаи у, дар ин сурат бояд масъулини ҳавзаи интихоботӣ дар назди қонун ҷавобгу бошанд.

Вале дабири кулли ҲДТ баргузории форуми ҷаҳонии оби тоза дар Душанберо аз муваффақиятҳои сиёсати Раҳмонов дар самти байналмилалӣ медонад.

Вале коршиносон муътақиданд, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар самти сиёсати байналмиллалӣ дар соли ҷорӣ ба андозаи пашрафтҳои ин соҳа дар ду соли қаблӣ, яъне солҳои 2001 ва 2002 набудааст. Ба ҳар ҳол мегуяд, Нуралӣ Давлатов оғози сохтмони сафорати Амрико дар Душанбе далеле бар иродаи мақомоти Амрико ҷиҳати густариши муносибот бо Тоҷикистон аст ва ояндаи муҳимеро дар пеши ру хоҳад дошт.

Аммо Сайфулло Сафаров намояндаи ҳоким муътақид аст, ки Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳур бо ироаи сухарониҳо дар кунгураҳои байналмиллалӣ тавонистааст, таваҷҷуҳи бештареро ба Тоҷикистон ҷалб кунад. У мегуяд, ин суханрониҳо аз ҷумла ба мустаҳкам шудани муносиботи Тоҷикистон бо кишварҳои исломӣ мусоидат хоҳад кард: "Сафарҳои президенти кишвари мо ба Аврупо ба Осиё, суханрониҳои он кас дар Малайзия ва Чин нақши президенти Тоҷикистонро ҳамчун яке аз лидерони сиёсии ҷаҳон ва яке аз ҳимояткунандагони фарҳанги қадими тоҷикон ва фарҳанги ҳамаи кишварҳои мусулмон низ ба олам пешниҳод намуд ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз ин муваффақиятҳо албатта истифода хоҳад кард."

Ба назари коршиносон, ҳамчунин баргузории як силсила чорабиниҳои байналмиллалӣ дар Душанбе, аз ҷумла, бо мусоидати Бонки Исломӣ ва имзои як қатор қарордоҳои байналмиллалӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон, минҷумла сохтмони тунели Анзоб ва неругоҳи Сангтуда аз музаффариятҳои сиёсати хориҷии ҳукумати Раҳмонов дар ин сол маҳсуб мешавад.

Билохира, дар остонаи соли нав аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид бо пешниҳоди Тоҷикистон эълон шудани даҳсолаи оби ширин низ наметавонад, ба тарғиби номи Тоҷикистон дар расонаҳои ҷаҳонӣ наафзуда бошад.

XS
SM
MD
LG