Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТОҶИКОН БА ЭРОНИЁН ИЗҲОРИ ҲАМДАРДӢ МЕКУНАНД



Раҳматкарими Давлат



Вазорати умури изтирории Тоҷикистон эълон кард, ки омода ҳаст нируҳои кумакрасони худро ҷиҳати рафъи оқибатҳои заминларзаи шаҳристони Бам дар Эрон ба он кишвар эъзом кунад.

Мирзо Зиёев, вазири умури фавқуллодаи Тоҷикистон гуфт, 60 тан аз ин нируҳо, ки таълимоти байналмилалӣ дидаанд, ба ҳоли омодабош оварда шуда ва мунтазири ҳидоят ҳастанд: "Мо дар ин бора як нома унвонии сафорати Эрон дар Тоҷикистон ирсол доштем. Ман ҳам ахиран бо ҷанобоқои сафир як гуфтугуи телефонӣ барпо кардам. Ҷанобоқои сафир миннатдории худро ба мо баён карданд. Мо омодаем дар ҳар фурсати лозим то 60 нафар аз афроди худро ба он ҷо бифиристем."

Дар ҳамин ҳол, рузи душанбе муҳаббатаи сафорати Ирон дар пойтахти Тоҷикистон моломол аз ашхоси мухталиф, намояндагони ҳукумат ва созмонҳои иҷтимоӣ буд, ки мавриди ҳамдардӣ ва тасаллияти худро ба зилзилазадагони Эрон баён медоштанд.

Ҳамчунин дар Бонки Тоҷорат дар Душанбе як суратҳисобе ба манзури ҷамъоварии кумакҳо барои зарардидагони заминларза боз шудааст ва дар тули руз ашхос ва созмонҳои мухталиф ба қадри ҳиммат ва тавони худ маблағҳоеро ба унвони ҳамраъйӣ ба офатзадагон ба ин суратҳисоб ворид кардаанд. Дар ҷамъи ин афрод намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон - ҳунармандон, тоҷирон, вакилони порлумон ва ҳатто шоирону нависандагону хабарнигорон низ ҳастанд.

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби Коммунист ва раиси ҷиноҳи комунистии Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон гуфт, Эрон бидуни кумаки Тоҷикистон низ метавонад оқибати ин заминларзаро рафъ кунад ва дубора Бамро бозсозӣ намояд, вале қарзи инсонӣ ва ҳамтабории тоҷикон аст, ки дар ин лаҳза бояд дар паҳлуи эрониён қарор дошта бошанд. Зеро Эрон борҳо чунин кумакҳоеро ба зарардидагон ва ниёзмандони Тоҷикистон расонидааст.

Заминларзаи Бам ҳамчунин аз мавзуъҳои аввал дар расонаҳои Тоҷикистон аст. Радио ва телевизон ва бархе аз рузномаҳои ҳукуматӣ, ки то кунун мунташир шудаанд, бо нашри паёми тасаллияти Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба унвони мардуми Эрон ба ин мавзуъ пардохтаанд.

XS
SM
MD
LG