Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МУЗОКИРОТ РОҶЕЪ БА ҲИФЗИ МАРЗ ШУРУЪ МЕШАВАД



Раҳматкарими Давлат



Мақомоти Кумитаи марзбонии Тоҷикистон мегуянд, қарор шудааст музокироти Русия ва Тоҷикистон дар мавриди бознигарии шароити ҳузури Нируҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон аз ибтидои моҳи январи соли оянда, яъне то чанд рузи дигар шуруъ шавад.

Нуралишо Назаров - фармондеҳи ситоди нируҳои марзбонии Тоҷикистон - ба Радиои Озодӣ гуфт, ба манзури барасии ин масъала як комиссияи муштараки дуҷониба таъсис шуда ва қарор аст даври нахустини музокироти худро баргузор кунад.

Созишнома дар бораи мақоми Нируҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон дар 25 майи соли 1993 имзо шуда буд ва муҳлати эътибори он ба поён расидаааст. Бар асоси ин созишнома, Нируҳои марзбонии Русия бояд ҳифозати марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро бо муҷаради омода шудани нируҳои марзбонии тоҷик, ба ихтиёри онҳо вогузор намоянд.

Нуралишо Назаров мегуяд, акнун бештар аз ҳар вақти дигар ин заруруат пеш омада ва нируҳои марзбонии Тоҷикистон бояд ҳифозати ин марзҳоро марҳила ба марҳила ба зиммаи худ бигиранд. Аз у пурсидам, ки бо чӣ пешниҳоди мушаххасе ҷониби Тоҷикистон ба ин музокирот хоҳад рафт. Генерал Назаров гуфт: "Мо ҳамин хел таклиф мекунем, ки дар давраи аввал азбаски моддаи нуҳуми ҳамин созишнома ҳаминро гуфта буд, мо аз ҳамин лиҳоз талаб карда истодаем, ки марзро аз Яхшипул то Мурғоб мо бояд таҳти назари худ бигирем. Мо бояд шашсад километрашро бигирем. Ва дар ҳамин ҷо дар чорто дидбонгоҳеро, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳастанд бояд ба таҳти назорати худ бигирем. Ба фикри ман ҳамин дидбонгоҳҳое, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳаст, бояд таҳти назари мо бошад, чунки ҳар як меҳмон ва ҳар як хориҷие, ки меояд дар ҳамон дидбонгоҳҳо байрақи Русия аст ва бояд дар он ҷо байрақи Тоҷикистон ҷилвагар бошад."

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG