Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТУНДГАРОӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ РЕША МЕДАВОНАД



Мирзои Салимпур



Гуруҳи Байналмилалии Омузиши Буҳронҳо аз давлатҳои Ғарб даъват кард, ба хотири пешгирӣ аз густариши решаҳои тундгароии исломӣ кишварҳои Осиёи Марказиро ба ислоҳоти бештари иқтисодиву сиёсӣ ташвиқ намоянд. Ин созмон гуфт, сиёсати зургуӣ ва зуроварии кишварҳои Осиёи Марказӣ заминаро барои густариши ифротгароии мазҳабӣ дар минтақа фароҳам меорад.

Кишварҳои минтақа аз ҳодисаҳои рузи 11 сентябр ба ин тараф худро аз муттаҳидони калидии Амрико дар ҷанги алайҳи терроризм муаррифӣ мекунанд. Аммо Гуруҳи Байналмилалии Омузиши Буҳронҳо мегуяд, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҳол боиси пешрафти кишварҳои ин минтақа дар роҳи ислоҳот нашуд ва ақидаеро дар зеҳнҳо ба вуҷуд овард, ки Ғарб ба хотири манофеъи кутоҳмуддати сиёсиаш режимҳои худкомаро ҳам пуштибонӣ мекунад.

Гуруҳи Байналмиллалии Омузиши Буҳронҳо ҳушдор додааст, ки афзоиши дилсардии ҷомеа аз давлатҳои Ғарб метавонад, аҳолии Осиёи Марказиро ба суи ҳаракатҳои ифротии исломӣ тела диҳад.

XS
SM
MD
LG