Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН ТАФОҲУМНОМА ИМЗО КАРДАНД



Раҳматкарими Давлат



Миёни ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон тафоҳумномаи ниҳоӣ дар мавриди идомаи сохтмони неругоҳи барқи обии Сангтуда ба имзо расид. Ин тафоҳумномаро аз ҷониби Тоҷикистон Ҳаким Солиев вазири иқтисод ва савдои ин кишвар ва аз ҷониби Эрон вазири дороӣ ва иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Эрон Таҳмоси Мазоҳирӣ рузи ҷумъа, 19 декабр дар шаҳри Душанбе имзо гузоштанд.

Санадҳои муқаддамотӣ дар бораи ширкати Эрон дар бунёди неругоҳи барқи обии Сангтуда дар баҳори соли гузашта миёни ду кишвар ба имзо расида буд. Бар асоси ин тавофуқ як консорсиуми байналмиллалӣ ташкил шуда ва ҷониби Эрон ҳамоҳангсозии фаъолияти консорсиуми мазкурро бар душ дорад.

Таҳмос Мазоҳирӣ - вазири дороии Эрон пас аз мулоқот бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва имзои тавофуқномаи мазкур гуфт: "Тавофуқе, ки шуда, бар ин асос аст, ки манобеъи лозим барои такмили ин пружа, на ба сурати вом ба давлати Тоҷикистон ва тазмини бозпардохти вом аз ҷониби Тоҷикистон, балки ба сурати сармоягузории ҳимоятшуда аз тариқи давлати Тоҷикистон ва бартер сурат бигирад."

Ба гуфтаи оқои Мазоҳирӣ ҷониби Эрон омодааст, бахши аъзами сармоягузории сохтмони мазкурро ба уҳда бигирад. Вазири Эрон ҳамчунин иброз дошт, дар мулоқоташ бо раиси ҷумҳур ба тавофуқ расидаанд, то ҷиҳати пайгирии ин тавофуқномаҳо бо оғози ҳарчӣ сареътари сохтмони неругоҳи Сангтуда як кумитаи муштаракаи Тоҷикистону Эрон таъсис шавад. Ин кумита муввазаф хоҳад буд, ба таври муназзам аз ҷараёни иҷрои бандҳои тавофуқот ва мушкилоте, ки дар он пеш меояд, ба руасои ду кишвар иттилоъ бидиҳанд. Ҳар ду ҷониб умедворанд, ки дар авоили соли ояндаи мелодӣ иҷрои ин тавофуқот оғоз шавад.

XS
SM
MD
LG