Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи муҳоҷирати неруи корӣ аз Тоҷикистон



Мирзонабии Холиқзод

Як мардикор: "Агар бист бор депортатсия кунанд, боз ба Русия бармегардам, зеро дар ин ҷо кор нест."

Хуршед Муъминов як ҷавони тақрибан 25 сола, ки ахиран аз Омск ба унвони як муҳоҷири ғарйирасмӣ ба Душанбе депортатсия шудааст, мегуяд, кушиш дорад, то соли нав боз ба Челябинск баргардад. Вай нахуст дар соли 2001-ум ҳамроҳи ҳамдеҳагонаш ба Маскав рафта буд. Аммо дар бозори Черкез ҳатто барои аробакашӣ кор наёфт ва ночор ба вилояти дигари Русия омад. То он замоне ки Хуршед ҳамроҳ бо мардикорони дигари тоҷик депортатсия нашуд, дар ин ин чанд сол ба Тоҷикистон ба назди падару модараш наомада буд. Зеро ба гуфтаи у агар ба ин ҷо меомад, боз аз шуғли пайдонамудааш гаҷкорӣ бозмемонд ва аз манбаи даромад маҳрум мешуд.

Дар хонааш падару модараш, ки бознишаста ҳастанд ва ду хоҳари дигараш ҳар моҳ мунтазири пули Хуршед буданд ва маҳз бо маблағи пайдонамудаи у рузгорашонро танзим мекарданд. Пас аз ихроҷ Хуршед ҳануз чанд муддате дар Душанбе ба сар набурдааст ва боз мехоҳад, ба Русия баргардад: "Зиндагӣ мо дар ин ҷо намешавад. Дар ин ҷо кор нест, бошад ҳам пули ночиз дорад. Агар боз депортатсия ҳам кунанд, боз ба Русия меравам."

Ба маълумоти расмии идораҳои давлатии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар Русия ва кишварҳои дигари собиқ шуравӣ беш аз 400 ҳазор муҳоҷири тоҷик ба сар мебарад. Аммо манобеи ғайрирасмӣ ин рақамро то се маротиба бештар, аз як миллион зиёдтар медонанд.

Идораҳои масъули Тоҷикистон ба монанди вазорати кор ва шуғли аҳолӣ, хадамоти муҳоҷирин ва идораҳои дигари масъул бо вуҷуди борҳо шоҳиди аз Русия депортатсия шудани шаҳрвандони Тоҷикистон шудаанд, то кунун ин масъаларо бо як кишвари ба истилоҳ "ҳамшарики" Тоҷикистон натавонистаанд, ҳаллу фасл кунанд. Созишномаҳое, ки дар ин замина омода шудаанд, бо кадом иллате ба имзо нарасидаанд ва вазири кор ва шуғли аҳолӣ Мамадшо Илолов борҳо изҳор доштааст, ки иллати аз шаҳру вилоятҳои Русия ихроҷ шудани шаҳрвандони тоҷикро дар нокифоягии ва нодурусти асноди худи шаҳрвандони тоҷик мебошад.

Намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ мегуянд, 80 дар сади муҳоҷирати кории тоҷик ғайрирасмӣ сурат мегирад. Раиси Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират Игор Боск мегуяд, муҳоҷирати селосои ва ғайриқонунии корӣ имкон намедиҳад, ки ҳукуматҳои Русия Тоҷикистон ҷараёни онро танзим кунанд: "Аксарияти тоҷиконе, ки ба Русия мераванд, дар бозори ғайрирасмӣ кор мекунанд, яъне дар ин ҷо на ҳукумати Тоҷикистон ва на ҳукумати Федератсияи Русия имконият доранд, ки мустақилона ба ин раванд таъсир расонанд."

Оғои Боск меафзояд, аммо ин ба он маъно нест, ки идораҳои масъули давлатӣ ҳалли ҳамаҷонибаи мушкилоти мавҷудро нодида гиранд. Ба гуфтаи у, идораҳои масъулро мебояд, аққалан дар дохили кишвар корҳои маърифатие анҷом диҳанд, ки муҳоҷирин дар бораи он кишварҳое ки ба мардикорӣ мераванд, маълумот дошта бошанд.

Ахиран бо кушиши Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо як дафтари роҳнамое барои афроде, ки ба муҳоҷират мераванд, ба нашр расонида шуд. Руи он "Роҳнамои муҳоҷир" навишта шудааст.

Масъалаи дигари муҳоҷират қочоқи инсон дар Тоҷикистон аст. Тибқи иттилоъи Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират, аз соли 2001 ба ин тараф беш аз 1000 шаҳрванди тоҷикро гуруҳҳои алоҳида барои бардагӣ ва танфурушӣ ба кишварҳои гуногун фиристодаанд.

Аз суи дигар бар асоси иттилоъи вазорати ҳифзи табиат ва хадамоти муҳоҷирати кишвар, дар ду соли ахир муҳоҷирати экологӣ низ ру ба афзоиш ниҳодааст, ки ин ҳам барои иқтисоди Тоҷикистон паёмадҳои номатлуб дорад. Латиф Муъминов мушовири вазорати шуғли аҳолии Тоҷикистон мегуяд, аслан минтақаҳои аз лиҳози муҳити зист номувофиқ, ҳар сол бар асари боришоту тармахезӣ осеб мебинанд ва аҳолии онҳо аз як ҷо ба минтақаи дигар кучонида мешаванд.

Созмонҳои байналмиллалӣ муҳоҷиратро дар маҷмуъ як раванди табиӣ меҳисобанд. Аммо мегуянд онҳо, танзиму фароҳам овардани шароити ҳуқуқию иҷтимоӣ ва боло бурдани дониши муҳоҷирин, вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти давлатӣ аст.

XS
SM
MD
LG