Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КОНСЕПСИЯИ РУШДИ САНОАТ ТАСДИҚ ШУД



Мирзонабии Холиқзод



Вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов рузи сешанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, консепияи рушди саноати Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ҳукумати ин кишвар ба хотири густариши бозори саноеъи худ ва барои тавлиди босифати маводи саноати дохилӣ ниҳодҳои иқтисодӣ ва соҳаи саноеъи худро басиҷ ва танзим кунад.

Оқои Саидов меафзояд, то кунун ҳамчунин як консепсияе, ки стратегияи рушди саноати Тоҷикистонро таъйин кунад, вуҷуд надошт.

Ба қавли вазири саноати Тоҷикистон, консепсия ё назарияи рушди саноати Тоҷикистон роҳҳои густариши ин соҳаи муҳимро дар чанд марҳила танзим кардааст. Ҳукумати Тоҷикитон нахуст ҷалби сармоягузорони хориҷӣ барои баҳрабардорӣ аз конҳои маъдан, пахта , алюминиум ва захоири дигари саноеъи Тоҷикистон, дуввум хусусигардонии корхонаҳои саноати кишвар, сеюм фароҳам овардани шароит барои соҳибкорони дохилӣ дар ҳамин соҳаро зарур медонад.

Вазири саноат Зайд Саидов мегуяд, муҳимтар аз ҳама ин аст, ки бозори маҳсулоти тавлидоти ватанӣ густариш ёфта, бояд моли омодаи корхонаҳои саноатӣ ба хориҷи кишвар содир шавад.

Бар асоси ин назария, роҳу усули баҳрабардорӣ аз маъданҳои зеризаминӣ ва захоири саноатии Тоҷикистон, рушди соҳибкории хурд, таъсиси корхонаҳои муштарак ва хурд дар ин ришта нишон дода шудааст.

Аммо дар роҳи амалӣ намудани ин консепсия мушкилоту монеаҳое ҳам ҷой дорад, ки ҳатто татбиқи ҳамаҷонибаи онро зери суол мебарад. Фоизҳои баланди бонкҳои кишвар, 17 намуди андози бенизом, раванди кунди хусусигардонии корхонаҳо, бесуботӣ дар иқтисодиёт, технологияи куҳнаи бозмонда аз замони шуравӣ, сармоягузории нокифояи хориҷӣ ва чуноне вазири саноати Тоҷикистон оқои Саидов мегуяд, кисаҳои тиҳии соҳибкорони тоҷик аз ҷумлаи мушкилоти мавҷуд дар ин соҳаанд.

Дар ҳоли ҳозир намояндагони вазорати саноати Тоҷикистон, вазорати иқтисод ва савдо, вазорати молия ва иқтисодшиносон тасмим гирифтаанд дар ҳафтаҳои наздик бар асоси ин консепсия барномаи рушди саноати кишварро баррасӣ намуда, ба ҳукумат пешниҳод кунанд.

XS
SM
MD
LG