Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МИШЕЛ АЛИО МАРИ БА ДУШАНБЕ ОМАД



Мирзонабии Холиқзод



Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов рузи якшанбе вазири дифоъи Фаронса Мишел Алио Мариро ба ҳузур пазируфт.

Хонум Алио Мари шоми дируз тариқи ҳавопаймо аз Кобул ба Душанбе омад. Густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши низомӣ, масоили амниятӣ дар минтақа, таълиму парвариш ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи иқтисод мавзуи аслии ин дидор будааст.

Мишел Алио Мари пас аз анҷоми ин нишаст роҷеъ ба ҷузъиёти мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонов ба хабарнигорон гуфт: "Нахуст мо барои боздид бо сарбозони артиши Фаронса, ки дар фурудгоҳи Душанбе ҳузур доранд, ба Тоҷикистон омадем ва дар ин ҷараён бо ҷониби Тоҷикистон роҳҳои густариши ҳамкории Фаронсаву Тоҷикистон дар бахши низомиро низ баррасӣ кардем."

Фаронса чун ду соли пеш дар оянда низ бо Тоҷикистон ҳамкориро дар заминаи ҳарбӣ рушд хоҳад дод. Гуруҳе аз афсарони тоҷик дар соли равон таҳсилро дар омузишгоҳҳои низомии Фаронса ба поён расонданд ва дар назар аст, ки дар соли оянда афсарони Фаронсаву Тоҷикистон дар Душанбе як машқи низомии муштарак анҷом диҳанд. Барои ин дар моҳҳои наздик гуруҳе аз афсарони Фаронса ба Душанбе хоҳад омад.

Ва бар асоси як барномаи дигар, муттахасисони Фаронса сарбозон ва ҷузвутомҳои алоҳидаи артиши Тоҷикистонро дар роҳи мубориза бо гуруҳҳои террорист дар шароити куҳистон омода хоҳанд кард.

Масоили амниятии минтақа, аз ҷумла мубориза бо қочоқгарони маводи мухаддир, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва аз ин ҷо ба Русия ва Аврупо ҳероин мебаранд, кишварҳои ғарбро маҷбур месозад, ки дар роҳи ҷилавгирӣ аз ҳамлу нақли маводи мухаддир ба кишварҳои ҳамҷавори Афғонистон, аз ҷумла ба Тоҷикистон кумаку мусоидат намоянд.

Вазири дифоъи Фаронса Мишел Алио Мари афзуд, робитаи наздик ва ҳамкории босамар дар бахши низомӣ Фаронса ва Тоҷикистонро водор мекунад, ки дар соҳаи иқтисодӣ ҳам муносибати дуҷонибаро густариш диҳанд. Дар ҳоли ҳозир Фаронса хостори ин аст, ки дар заминаи обу барқ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад.

XS
SM
MD
LG