Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

АЗ ҚОЧОҚИ 81 КИЛО СИМОБ ПЕШГИРӢ КАРДАНД



Тоҳири Сафар



Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дод, дар вилояти Суғд аз қочоқи 81 килограмм маводи кимиёвӣ ва хатарноки симоб пешгирӣ кардааст. Хабаргузории "Франс Пресс" ва "Интерфакс" навиштаанд, миқдори бузурги моддаи кимиёвӣ аз як шаҳрванди Қирғизистон ва шарики тоҷики у ситонида шудааст.

Ба гуфтаи маъмурони интизомӣ, симоб аз Қирғизистон барои фуруш ба Тоҷикистон ворид карда шудааст. Вазорати умури дохила гуфтааст, нахустин бор чунин миқдори бузурги симобро дар дохили кишвар боздошт кардааст.

XS
SM
MD
LG