Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи пайвастаи неруи барқ дар бемористонҳои Хатлон ва оқибатҳои фоҷиабори он



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Ба иллати қатъ шудани интиқоли неруи барқ дар ин минтақа чандин нафар руи мизи ҷарроҳӣ ҷон додаанд.

Абдураҳим Амировро кӣ кушт? Ин суолест, ки дар баробари хешу табори марҳум, журналистони маҳаллӣ дар шаҳри Кӯлоб ба он ҷавоб меҷӯянд. Тибқи иттилоъи расмӣ, Абдураҳим Амиров соли таваллудаш 1939, сокини деҳаи Зарбдори хоҷагии Хатлон рӯзи 21 ноябр бар асари хуруҷи бемории рӯда ба шӯъбаи ҷарроҳии бемористони марказии Кӯлоб расидааст. Аммо дар рӯи мизи ҷарроҳӣ вафот кардааст ва табибон барои раҳоии мариз коре накардаанд.

Абдулло Ёрматов - мудири шӯъбаи шикастабандии ин бемористон мегӯяд, баробари рӯи мизи ҷарроҳӣ гузоштани мариз интиқоли қувваи барқба бемористон қатъ гардид. Дар ин зимн табибон дар баробари хешу табори мариз шоҳиди ҷонкании Амиров буданд, вале барои шифои ӯ коре карда натавонистанд. Абдулло Ёрматов мегӯяд, агар барқ қатъ намегардид, ва табибон маризро ҷарроҳӣ мекарданд, имкони зинда мондани Амиров бармало буд.

Ин ҳодисаи нахустин нест, ки маҳз бо иллати қатъи қувваи барқ беморон мефавтанд. Духтур Ёрматов мегӯяд, қариб ҳамарӯза ҷарроҳон бо усули бобоӣ, яъне бо чароғу фонус ва бе истифодаи наркоз ҷарроҳӣ мегузаронанд. Абдулло Ёрматов мисол меорад, ки ҳафтаи гузашта, рӯзи навбатдории сардухтур қатъи қувваи барқ ду нафар маризро рӯи кати ҷарроҳӣ дарёфт ва духтурон иҷборан, бо кӯмаки шамъу фонус амалиёти ҷарроҳиро идома доданд.

Абдулло Ёрматов мегӯяд: "Беморхонаи мо - беморхонаи вилоятӣ аст, аз ду тараф барқ мегирад. Ҳеҷ вақт бояд камбуди барқ набошад, аз рӯи гуфти одамон, ваъдаи масъулин. Лекин ҳамин ҳаст, хоҳед - нахоҳед ҳамин аст. Сеюми декабр мо ду то ҷарроҳӣ гузаронидем, дар рӯз аз соати 11 то 12. Барқ 5-6 дақиқа мешуду мемурд. Мо ҷарроҳиро бо фонарики дастӣ гузаронидем."

Воқеан бо иллати қатъи қувваи барқ ва интиқоли он аз рӯи реҷаи муайяни чандсоата дар таваллудхонаҳо ва боқӣ бемористонҳо маризон ба азоби алим гирифторанд. Атфол, ки дар устони Хатлон умдатан шомгоҳон ба олам меоянд, тӯли 12-14 соат рӯшноиро намебинанд ва бо воқеияти сангини рӯзгор дар таваллудхонаҳо аз нахустин лаҳза ошно мешаванд.

Ва аммо воқеияти рӯзгори сангин дар минтақаҳо ин аст, ки барои ҳар шаҳрванди Хатлон ҳатто кӯрруда, агар шомгоҳон хуруҷ кунад, ҳатман бо марг анҷом меёбад. Зеро тӯли 12-14 соат табибон бо иллати набуди барқ наметавонанд, амалиёти ҷарроҳӣ гузаронанд. Духтурон мегӯянд, кӯрруда, ки маъмултарин ҷарроҳӣ дар олам маҳсуб меравад, тӯли ин вақт маризро ба коми нестӣ мебарад.

XS
SM
MD
LG