Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмоновро авҷи фасодкорӣ нигарон кардааст



Тоҳири Сафар



Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов фаъолияти вазорати молиёт ва гумруки ин кишварро зери тозиёнаи танқид гирифта гуфт, дар ин вазорат фасодкориву порахурӣ ривоҷ ёфтааст.

Дар мулоқоти рузи сешанбе, 9 декабр бо роҳбарони ин вазорат президент Раҳмонов гуфтааст, аз кори ин ниҳод қаноатманд нест, зеро он пур аз норасоиву камбудӣ аст, ки ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар таъсири манфӣ мерасонад.

Раисиҷумҳур сиёсати интихоби кадрҳо дар ин вазоратро танқид карда гуфтааст, бархе аз кормандони он худ дар қочоқи маҳсулоти ғалладона ва сузишворӣ даст доранд. Телевизиони Тоҷикистон аз қавли президент Раҳмонов гуфтааст, фасодкорӣ, ғоратгарӣ дар ин вазорат беш аз пеш тавсиа ёфтааст, ки ба ҷамъият зиёни ҷиддӣ мерасонад.

XS
SM
MD
LG