Абдуқайюми Қайюмзод
Нишасти ҳафтуми дабирони Шӯрои амнияти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъии кишварҳои муштаракулманофеъ бо пешниҳод дар мавриди таъсиси як маркази мубориза бо қочоқи маводи мухаддир кори худро поён дод.
Владимир Рушайло дабири Шӯрои амнияти Русия гуфт, дар ин нишаст як гурӯҳи кории иборат аз мутахассисон созмон дода шуд ва ин гурӯҳ масъалаи таъсиси марказ ва масрафоти молии онро баррасӣ намуда, дар ояндаи наздик маълум мекунад.
Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба хотири намоиши мавҷудияти худ дар баробари фаъол гаштани созмони Шанхай ва паймони НАТО дар минтақа даст ба иқдомоте задааст, ки гумон аст, аз ӯҳдаи иҷрои он барояд.
Таҳлилгарони тоҷик бар ин назаранд, ки созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ танҳо ба ин далел, ки кишварҳои аъзояш дучори мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ ҳастанд, наметавонад, дар мубориза бо терроризми байналмиллалӣ ва дар роҳи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир муваффақ шавад.
Султони Ҳамад коршиноси мустақили тоҷик мегӯяд, вақте сухан аз қочоқи маводи мухаддир ва ташкили як маркази мубориза бо он меравад бидуни ҳузури кишварҳое, ки бевосита ба ин мушкилот ру ба ру ҳастанд, чизе гуфтан мушкил аст: "Дар чаҳорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ мубориза бурдан бо терроризми байналмиллалӣ ва қочоқи маводи мухаддир чӣ гуна метавонад самарабахш бошад, вақте ки дар он ҷо кишварҳои асосии минтақа Узбакистон, Туркманистон ва бахусус Афғонистон ширкат намеварзанд."
Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо