Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкорони Австрия ба Душанбе омаданд



Раҳматкарими Давлат



Рузи сешанбе, 9 декабр дар вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон мулоқоти як ҳайъати соҳибкорон ва бозаргонони Австрия ва Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳадаф аз сафари ҳайъати Австрия ба Тоҷикистон ва баргузории мулоқотҳо, барқарории муносиботи корӣ миёни корхонаҳои ду кишвар ва гуфтугу руи барномаҳои мушаххаси ҳамкорӣ мебошад.

Хонум Хейде Мария Гюрер сафири Австрия дар Тоҷикистон дар ин бора гуфт: "То кунун ба далели ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ва адами амният дар ин кишвар соҳибкорони Австрия наметавонистанд ба Тоҷикистон биоянд. Аз ин хотир ҳамкориҳои ду кишвар камтар тавсеъа дошт. Акнун фазои беҳтаре барои ҳамкорӣ ва роҳандозии барномаҳои иқтисодии муштарак фароҳам шудааст ва бо сафари соҳибкорон ва бозаргонони Австрия ба Тоҷикистон умед дорем, ин ҳамкориҳо густариши бештаре пайдо хоҳанд кард."

Виктор Болтов - муовини вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ки дар ин мулоқот раёсати ҳайъати Тоҷикистонро бар уҳда дошт мегуяд: "Ҳайъати Австрия пешниҳод кардаанд, ки як созишнома дар заминаи андозситонӣ миёни ду кишвар имзо шавад. Ин пешниҳоди хуб аст, мо онро қабул дорем. Мо нахустин бизнес-форуми худро дар хориҷ маҳз дар Австрия баргузор карда будем. Табодули мол миёни Тоҷикистон ва Австрия назар ба чанд соли пеш се баробар афзоиш пайдо кардааст."

Ба гуфтаи муовини вазири иқтисоди Тоҷикистон, ду кишвар метавонанд дар заминаҳои кишоварзӣ, саноати сабук, коркарди фулузот, беҳдоштӣ, кашф ва истихроҷи маъодини куҳӣ ва ғайра ҳамкориҳои муфид дошта бошанд. Феълан дар Тоҷикистон се корхонаи муштараки Австрия ва Тоҷикистон амал мекунад ва табодули мол миёни ду кишвар дар соли гузашта ҳудуди ним миллион долларро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG