Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Десант"-ҳои аҳзоби сиёсӣ дар Кулоб



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Муҳиддин Кабирӣ: "Истифода аз потенсиали сиёсии минтақа барои ҳар ҳизби сиёсӣ дар интихоботҳои оянда нақши муҳим бозида метавонад."

Ахиран дар минтақаи Кулоб яхҳои сунъии сиёсӣ об шуданд ва аҳзоби сиёсӣ ба фаъолияти воқеӣ шуруъ карданд. Дастандаркори ин раванд Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) гашт. Божидар Димитров - раҳбари дафтари саҳроии ин созмон дар минтақаи Кулоб мегуяд, шуруъ аз ҳамин руз ҳар моҳ аҳзоби сиёсии фаъол сари як мизигирд дар бинои САҲА гирд меоянд ва атрофи мушкили сиёсӣ баҳсҳо мекунанд.

Божидар Димитров мегӯяд: "Ҳаёти сиёсӣ то ин дам дар минтақа ба қадри лозима назаррас набуд. Аммо шурӯъ аз ҳамин рӯз ман кӯшиш мекунам, ки пешвоёни ҳамаи 6 ҳизб ҳар моҳ дар ҳамин толор гирд оянд. Ва на танҳо дар сурати мушкилоте пешорӯйи аҳзоб ва аъзои он омадан, балки ба истилоҳ сари як пиёла чой ва барои сӯҳбат. Ва аммо ягон проблемае пеш ояд, дастаҷамъона онро метавонанд, ҳаллу фасл кунанд."

Раҳматуло Зоиров - раиси Ҳизби Сотсиал-Демократӣ мегӯяд, минтақаи Кӯлоб, ки то ин замон аз назари қудратҳои сиёсӣ дур буд, шахсан барои ӯ ҳамчун як мавзеъи аз ҷиҳати сиёсӣ хеле пешрафта намудор гардид: "Намояндаҳое, ки ин ҷо иштирок карда истодаанд, нисбат ба намояндаҳои минтақаҳои дигар бисёр фаъолтар ҳастанд. Ҳис мекунам, ки потенсиали онҳо хеле баланд аст ва мо бояд ин потенсиалро ҳам истифода барем, ҳам баҳсҳо кунем, ҳам муҳокима намоем."

Муҳиддин Кабирӣ - муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон меафзояд, истифода аз потенсиал ё худ қудрати сиёсии минтақа ва электорати он барои ҳар ҳизби сиёсӣ дар интихоботҳои қарибулвуқӯъ нақши муҳим бозида метавонад: "Агар ин потенсиали мардуми Кӯлоб истифода бурда шавад, аз ҷониби нирӯҳои сиёсӣ, ман фикр мекунам, ин бурди худи Тоҷикистон хоҳад буд. Аз ҷониби дигар ақидаи банда бар он аст, ки минтақаи Кӯлоб аз он ҳолате ки дорад, берун меояд. Яъне агар имрӯз минтақаи Кӯлоб як мавзеъи қафомонда аз лиҳози демократия ва гуногунандешӣ бошад, як муддати хеле кӯтоҳ пас мо мебинем, ки минтақаи Кӯлоб ба яке аз мавзеъҳои пешрафта дар самти демокротӣ ва гуногунандешӣ табдил ёфтааст ва ингуна потенсиалро ман дар Кӯлоб дидам ва боварӣ дорам, ки тоҷикистониён аз ин нирӯ истифода мебаранд."

САҲА умед дорад, ки нишастҳои пешвоёни аҳзоб дар оянда дар самти демократикунонии ҷомеъа нақши муҳим бозида метавонанд. Раҳматулло Зоиров мегӯяд: "Агар институтҳои ҷомеаи шаҳрҳвандӣ ривоҷ наёбанд, пеш нараванд, ё ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул наёбад, давлати ҳуқуқбунёд сохтан ин амри маҳол аст. Бояд ки инҳо ё якҷоя раванд, ё ҷомеъаи шаҳрвандӣ камтар бошад ҳам, пештар ташаккул ёбад. Бе ташаккулёбаии ҷомеаи шаҳрвандӣ ягон давлат пеш намеравад ва ягон вазифа иҷро намешавад."

Ва аммо лидерони маҳаллии ҳизбҳои мустақар дар Кӯлоб ба ҳамкории аҳзоб ва барои доир кардани интихоботҳои шаффоф ва демократӣ дар як эътилоф муттаҳид омадани ҳизбҳо бо шубҳа менигаранд. Дар ин мавзӯъ ҳатто дар дохили як ҳизб ҳам ҳамфикрии том вуҷуд надорад. Абдуссамади Ғайрат - муовини раиси ҲНИТ дар Кӯлоб мегӯяд: "Хусусан дар шаҳри Кӯлоб ҳамин ҳамкориҳо байни ҳизбҳо дида намешаванд."

Ин дар ҳолест, ки Ҳоҷӣ Муҳаммад Шариф раиси ҳамин ҳизб мегӯяд, ҳамаи аҳзоби сиёсӣ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамкории қавӣ қарор доранд ва имкони сари як эътилоф ба ҳам омадани онҳо бармалост: "Оҳиста-оҳиста як ҳамдигарфаҳмӣ, як ҳамкории ҳизбҳои сиёсӣ дар шаҳри Кӯлоб дида мешавад, ки ин иншооллоҳ як фоли нек аст."

Аз ҷониби дигар аъзои маҳаллии ҳизбҳо ҳатто аз мавҷудияти ҳамдигар дар имнтақа хабар надоранд. Ғайрати Абдусамад: "Ман мехоҳам ягон ташкилоти Ҳизби Демократи Тоҷикистон ва ё намояндаи онро дар Кӯлоб пайдо кунам, аммо то ҳол мутаассифона пайдо карда натавонистаам, ки ҳамин Ҳизби Демократ ҳаст ё нест."

Бархе аз сиёсатшиносон даъво доранд, ки яке аз ҳизбҳое, ки гӯё дар минтақа фаъол нест, ин Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) аст. Ва аммо Шариф Исломов - раиси созмони шаҳрии ин ҳизб мегӯяд, ҲСТ дар Кӯлоб на танҳо фаъолияти густарда дорад, балки ба интихоботҳо ба парлумони касбӣ, ки соли 2005 баргузор мегарданд, омодагӣ мегирад: "Дар минтқаи Кӯлоб то ҳозир 150 аъзои ҳизби мо вуҷуд дорад. Мо кӯшиш дорем, ки то соли нав конфроси минтақавиамонро гузаронем."

Муҳиддин Кабирӣ, муовини раиси ҲНИТ ва сарвари маркази "Диалог "- сарпарасти дидори ахирии ҳизбҳо дар мавзеъ мегӯяд, баҳсҳое, ки доир гаштанд, гувоҳӣ медиҳанд, ки Кӯлоб то ин замон ба хоби сиёсӣ нарафтааст. Баръакс, дар мавзеъ ҳаёти сиёсӣ авҷ доштааст, аммо барои бархе фош гаштани ин раванд ғайриқобили қабул маҳсуб мерафт ва сари ин раванд пардаи пинҳонкорӣ мезаданд.

Муҳиддин Кабирӣ: "Фикр мекунам, ки ҳизбҳои сиёсӣ ин ҷо камбуди бештар доранд ва онҳо потенсиали мардуми Кӯлобро ба назар намегиранд. Ва якгуна сангари равоние, ки дар минтақа қаблан вуҷуд дошт, ҳоло ҳам мутаассифона ҷой дорад ва бояд, ки худи ҳизбҳои сиёсӣ ин вазъро тағйир диҳанд ва робитаи бештаре, ба хусус робитаи иттилоъотӣ бо ин мардум дошта бошанд. Ва сарфи назар аз он ки ҳукумат чи сиёсатро пеш мегирад, хоҳ мусбӣ, хоҳ манфӣ, ҳизбҳо ва худи мардум имконият доранд, ки ин вазъро, ин монеъагузориҳои сунъиро бартараф кунанд."

Назаршиносон ҳамакнун сафари кории лидерони ҳизбҳоро ба Кӯлоб ҳамчун як сафари иктишофии сиёсатмадорон ба ин мавзеъ муаррифӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG