Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумон тарҳи буҷаро баррасӣ мекунад



Раҳматкарими Давлат



Шурои Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар нишасти рузи душанбе, 8 ноябр лоиҳаи қонуни буҷаи кишвар барои соли 2004 мелодиро баррасӣ намуда ва онро барои тасвиб ба иҷлосияи Маҷлиси Намояндагон пешниҳод кардааст. Ҳукумати Тоҷикистон як тарҳи буҷаеро ба маблағи 917 миллион сомонӣ барои соли оянда тартиб додааст.

Абдуллоҷон Орипов - муовини раиси кумитаи буҷаи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон мегуяд, бештар аз 40 дарсади буҷаи мазкур барои рушди соҳаи иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст. Аммо ба назари оқои Орипов, иҷроиши буҷаи соли оянда аз ҷамъоварии андозҳои пешбинишуда ва қабули тағйиротҳо ба Кодекси андози ҷумҳурӣ вобаста мебошад: "Иҷроиши буҷа ба тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози Тоҷикистон вобаста мебошад. Мо боварӣ дорем, ки гуруҳи кории ҳукумат баррасии тарҳи лоиҳаи нави Кодекси андози ҷумҳуриро ба охир расонида ва он мавриди муҳокимаи умум қарор мегирад. Ин кодекс барои хуб ҷамъоварӣ кардани андозҳо мусоидат хоҳад кард."

Тибқи тарҳи буҷаи соли оянда барои соҳаи тандурустӣ 62 миллион ва барои соҳаи фарҳанг 27 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин барои аввалин бор тайи чанд соли охир дар буҷаи Тоҷикистон маблағи 50 миллион сомонӣ барои таҳқиқотҳои илмӣ дар назар гирифта шудааст.

Баррасии тарҳи буҷаи соли оянда дар кумитаҳои Маҷлиси Намояндагон дар ҳоле ба охир мерасад, ки аксари намояндагон дар бораи ин тарҳ намехоҳанд, изҳори назар кунанд. Ҳамчунин ҳукумати кишвар низ ҷузъиёти тарҳи буҷаи соли ояндаро мунташир накардааст.

Баррасии тарҳи қонуни буҷаи соли оянда қарор аст дар иҷлоси рузи чаҳоршанбеи 10-уми декабр баррасӣ шавад. Аксари кулли курсиҳои Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ба Ҳизби Халқӣ-Демократӣ бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳур тааллуқ дорад ва аз ин ҷиҳат интизор меравад, бидуни дарназардошти афкори намояндагони дигар ва бидуни тағйироти ҷиддӣ тарҳи буҷа дар ин руз ба тасвиб бирасад. Ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ нигароние дар ҷиҳати аз таъйиди парлумон гузаштани қонуни буҷа надорад.

XS
SM
MD
LG