Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат хашми коммунистҳоро барангехт



Мирзонабии Холиқзод



Шодӣ Шабдолов, вакили Маҷлиси Намояндагон, раиси фраксияи ҳизби кумунист дар парлумони Тоҷикистон фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмоновро дар масъалаи барҳам додани имтиёзоти иштирокчиёни ҷанг ва бознишастаҳо ғайриқонунӣ ва хилофкорӣ дар адолати иҷтимоӣ аз тарафи ҳукумат номида, алайҳи қабули иловаҳо ба тарҳи Қонуни ветеранҳо ва маъюбҳо овоз дод.

Сеюми декабр дар иҷлосияи Маҷлиси Намояндагон тарҳи Қонуни ветеранҳо ва маъюбҳо баррасӣ гашта, иловаҳо бар асоси фармони раиси ҷумҳур ҷиҳати 25 фоиз афзудани маоши мардуми буҷахур ва барҳам додани имтиёзоти бознишастаҳо ва маъюбону афроди низомӣ мавриди муҳокимаи вакилон қарор гирифт.

Оқои Шабдолов мегуяд, Қонуни асосии кишвар кафолати иҷтимоӣ ва дахлнопазирии имтиёзоти ветеранҳо ё собиқадорони меҳнату ҷанг додааст. Аз ин ру чунин фармони президенти кишвар ғайриқонунӣ буда, ба бознигарӣ ниёз дорад: "Аз лиҳози қонун инро кӣ ба ҳукумат тавсиа додааст, муҳим нест. Барои ҳамин ман чунин меҳисобам, ки фармон ғайриқонунӣ аст, ба моддаи якум ва сивунуҳуми Конститутсия комилан мухолиф аст."

Аз ҷараёни баррасии ин тарҳи қонун ба назар мерасид, ки танҳо фраксияи Ҳизби Коммунист мухолифат нишон медод ва бар асоси Қонуни асосии кишвар фармони президентро бепоя меҳисобид. Ҳаштод дар сади Маҷлиси намояндагон аз аъзои Ҳизби Халқӣ-Демократӣ иборат аст, вале ҳеҷ нафаре ҳозир намешуд, нисбати иловаҳо ба тарҳи қонун изҳори назар кунад. Намояндаи президент дар парлумон Шермаҳмад Шоев новобаста аз норозигиҳои тунди баъзе аз вакилон тақозо менамуд, ки ба қабули тарҳи қонун овоз диҳанд.

Ба ҳар навъ тарҳи қонуни марбута қабул шуд ва ба ин тартиб, сар аз моҳи январи соли равон собиқадорони меҳнату ҷанг ва маъюбон дар ивази имтиёзоти худ ҳамагӣ 15 сомонӣ хоҳанд гирифт.

XS
SM
MD
LG