Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон хабаргузории нав таъсис ёфт



Раҳматкарими Давлат



Дар шаҳри Душанбе муаррифии оҷонсии нави хабарии интернетӣ бо номи "Авасто" баргузор гардид. Ба гуфтаи Зафар Абдуллоев, бунёдгузори оҷонсии "Авасто" ахбори ин хабаргузорӣ руи шабакаи ҷаҳонии интернет бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва инглисӣ, нашр хоҳад шуд. Ҳадаф аз таъсиси ин оҷонсӣ, ба гуфтаи муасисони он инъикоси равандҳои ҷомеа ва мусоидат ба ҷараёни демократӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Зафар Абдуллоев мегуяд:" Мо дар мадди аввал мехоҳем, ахбори дохили Тоҷикистонро пушиш диҳем. Ва қасд дорем, ҳарчи зудтар ин барномаро амалӣ кунем, яъне халои иттилоотие, ки мавҷуд аст, онро комил кунем. Ва баъд ҳам мехоҳем, ахбори кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистонро пахш намоем. Кишварҳое, ки дар онҷо теъдоди бузурги тоҷикон ба сар мебаранд, мехоҳем ҳаёту зиндагии онҳоро мунъакис кунем. Аз ҷумла мехоҳем, дар Афғонистон дар мадди аввал намояндагӣ дошта бошем ва баъд ҳам чунин намояндагиро дар Русия боз хоҳем кард."

Ба гуфтаи Зафар Абдуллоев, ин оҷонсӣ бар асоси имконоти хусусии у таъсис шуда ва то кунун аз кадом ниҳоде кумак ба ин манзур дарёфт накардааст. Аммо ба гуфтаи оқои Абдулоев оҷонсӣ як барномаи муштарак бо кумаки як созмони байналмиллалӣ дар ҷиҳати мониторинги нақзи ҳуқуқи инсон низ анҷом хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG