Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Тараққиёт анҷумани нав доир кард



Абдуқайюми Қайюмзод



Анҷумани дуввуми Ҳизби Тараққиёти Тоҷикистон рузи шанбе бо ширкати 90 вакил аз 45 шаҳру ноҳияи кишвар дар пойтахт, шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Султон Қувватов, раиси Ҳизби то ҳол номнависнашудаи Тараққиёт гуфт, нахустин анҷумани муассисони ҳизби онҳо соли 2001 доир шуда, ҳама асноди лозим ҷиҳати сабти ном ба вазорати адлияи Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Аммо, афзуд ҷаноби Қувватов, вазорати адлия тайи ду сол бо далоили мухталиф аз сабти номи Ҳизби Тараққиёт худдорӣ кардааст.

Султон Қувватов гуфт, чандин бор дар ин замина ба вазири адлия Халифабобо Ҳомидов ба таври хаттиву шифоҳӣ муроҷиъат кардааст.

Оқои Қувватов иллати аслии сабти ном нашудани Ҳизби Тараққиёти Тоҷикистон ва эҷоди мавонеъ дар ин заминаро ба шахсияти худаш марбут донист, ки дар раъси ин ҳизб қарор дорад. Султон Қувватов гуфт, вай ин навбат ҳама мавонеъ ва баҳонаҳои ҳатто эҳтимолиро ҷиҳтаи сабти номи ҳизбаш қаблан рафъ намуда, феҳрасти ному насаби 3 000 ҷонибдорашро бо зикри суроға, ҷойи кор ва аксу рақами шиноснома ба вазорати адлия пешниҳод намуд.

Султон Қувватов, афсари пешини вазорати умури дохила ва вазири собиқи молиёти Тоҷикистон, гуфт, дар сурати номнавис шудани ҳизб у барои ширкат дар интихоботҳои оянда талош хоҳад кард.

Соли 1999 Султон Қувватов барои дарёфти мақоми раёсатҷумҳурии Тоҷикистон вориди мубориза шуда буд, вале номзадии уро дар интихоботи президент ба қайд нагирифтанд.

XS
SM
MD
LG