Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миначинӣ аз баҳори оянда шуруъ мешавад



Салими Аюбзод



Мутахассисони маркази миллии миначинии Тоҷикистон эълон карданд, ки марҳалаи муайянсозии масоҳати минакоришударо дар шарқи кишвар ба поён расонданд. Сардори ин марказ Ҷонмаҳмад Раҷабов мегуяд, марзҳои дақиқи ин масоҳат баҳори соли оянда таъйин шуда, он гоҳ поккории ин қаламрав аз минаҳо шуруъ мешавад.

Вай афзуд, аз соли 1998 то ҳоло дар ин минаҳо даҳҳо нафар аз аҳолии маҳаллӣ ба ҳалокат расида, чорвои мардум талаф шудааст. Ҳазорон гектар замини корам ва хуб, гуфтааст Раҷабов, хатарнок ва бесоҳиб боқӣ мемонанд.

Ташаббускори маъракаи поккории минтақаи шарқии кишвар аз минаҳои замони ҷанги Тоҷикистон Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мебошад, ки барои иҷрои ин барнома ним миллион евро дода, таҳияи мутахассисони зидди минаро ба душ дорад.

XS
SM
MD
LG