Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои Тоҷикистон дархости кумак кардаанд



Салими Аюбзод



Мудири иҷроияи Барномаи хуроквории СММ мегуяд, як бахши он пуле, ки ҷаҳон дар ҷанги Ироқ масраф кард, барои таъмини озуқа ба тамоми кӯдакони гуруснаи олам кофӣ мебуд.

Дар шаҳри Бруксел Ҷеймс Моррис, мудири иҷроияи Барномаи Ҷаҳонии Озуқа ҳамроҳ бо Комиссияи Аврупо дархост намуд, ки кишварҳои олам ба 45 миллион аҳолии 21 мамлакати буҳронзада, ба монанди Судон, Тоҷикистон, Уганда ва ғайра, 3 миллиард доллар кумак кунанд.

Ҷеймс Моррис гуфт, бо тамаркузии куллӣ руйи танҳо ду кишвар -- Ироқ ва Афғонистон, даҳҳо буҳрон аз мадди назари аҳли олам берун мемонанд.

Дар ҳамин мавзуъ ва дар суҳбат бо Радиои Озодӣ намояндаи Созмони Ҷаҳонии Озуқа дар Душанбе Ардаг Меғдесиён гуфт: "Танҳо Барномаи Ҷаҳонии Хурокворӣ нест, ки дар Бруксел дархост мекунад, ба кишварҳо, ба ҷумлаи Тоҷикистон ёрӣ расонида шавад. Ниҳодҳои дигаре низ ба ин даъват шариканд ва дар муроҷиати умумӣ Барномаи Ҷаҳонии Хурокворӣ ба дарёфти 28 миллион доллар барои Тоҷикистон даъват мекунад. Якҷо бо дархости созмонҳои дигар ин маблағ барои соли 2004 53 миллион долларро ташкил медиҳад."

XS
SM
MD
LG