Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз 526 корхона хусусӣ мешавад



Мирзои Салимпур



Тоҷикистон дар зарфи чор соли оянда 526 корхонаи давлатиашро хусусӣ гардонда, дар 37 корхонаи муҳими миллиаш ислоҳоти сохторӣ доир хоҳад кард.

Иқболшоҳ Салимов, муовини раиси Кумитаи амволи давлатӣ, ба ожонсии ИТАР-ТАСС гуфт, ин ислоҳоти сохторӣ дар чаҳорчуби як барномаи стротегӣ то соли 2007 амалӣ шуда, аз ҷумла чунин иншооти аз лиҳози стротегӣ барои иқтисоди ин кишвар муҳим, ба мисли корхонаи алюминии Турсунзода, ширкати "Барқи Тоҷик", ширкати ҳавоии "Тоҷикистон", ниругоҳи Сангтуда, ширкати роҳи оҳан ва корхонаҳои дигари монополиро низ дар бар хоҳад гирифт.

422 корхона ба ҷамъиятҳои саҳомӣ табдил дода шуда, тавассути музояда ба фуруш гузошта хоҳанд шуд. Сарнавишти 104 корхонаи дигар дар тендерҳои байналмилалӣ маълум карда мешаванд.

Иқболшоҳ Салимов гуфт, ҳадафи давлат аз иҷрои ин барнома густариши ислоҳоти иқтисодӣ ва таъмини рушди собити бахши хусусӣ дар иқтисоди Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG