Мирзонабии Холиқзод
Тарҳи нави Қонуни интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон ахиран аз тарафи як комиссия иборат аз намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Идораи мусоидат ба сулҳи тоҷикони Милалли Муттаҳид ва аҳзоби расмии ин кишвар анҷом дода шуда, ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод гардид.
Қонуни амалкунандаи интихоботи Тоҷикистон аз 55 модда иборат аст, ва тағйиру иловаҳо ба истиснои ду моддаи аввал, ба ҳамаи банду фаслҳои ин қонун сурат гирифтааст. Ба қавли намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар, агар тарҳи нав қабул гардад, тақрибан сад дар сад ин қонун нав шуда, шафоф мегардад. Ба ин тартиб нукоти аслии пешниҳодот аз чӣ иборат аст?
Тағйироти меҳварии тарҳи пешниҳодшуда аз таъсиси Комиссияи марказии интихобот аз боло то поён аз ҳисоби намояндагони аҳзоби сиёсии расмии кишвар иборат аст. Қонуни амалкунанда ин салоҳиятро, яъне таъсис ва тасдиқи аъзои Комиссияи марказии интихоботро ба раиси ҷумҳур ва Маҷлиси Намояндагон додааст.
Гуфта мешавад, агар ин тағйирот пазируфта шавад, комиссияи мазкур мустақилияти комил касб карда, аз вобастагии ҳокимияти иҷроия раҳо мегардад.
Нуктаи дигари муҳими пешниҳодот, афзоиши шумораи вакилони Маҷлиси Намояндагонро таъкид мекунад. Бар асоси моддаи 28 қонуни амалкунанда теъдоди вакилони палатаи поёнӣ 63 нафар муайян карда шудааст. Мувофиқи пешниҳод ин шумора бояд ба 120 нафар афзоиш дода шавад.
Ва як нуктаи дигари тағйиру иловаҳо наҳваи таъминии молии номзадҳо ва аҳзобро дар марҳалаи оғози маъракаи пешазинтихоботӣ дар бар мегирад. Тибқи пешниҳодот номзад ва аҳзоб ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки ба ҷуз аз маблағе, ки Комиссияи марказии интихобот барои таблиғу ташвиқ ҷудо мекунад аз сарчашмаҳои дигар истифода баранд. Ва аммо на бештар аз 5 баробари маблағи тахсисдодаи Комиссияи марказии интихобот.