Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ гаронтар мешавад



Сафаргул Олимӣ



Тибқи қарори нави раиси шаҳри Душанбе, аз 1-уми январи соли оянда нархи роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла маршруткаҳо аз 20 ба 40 дирам афзоиш ёфт. Шавкат Саидов - масъули маркази матбуоти ҳукумати шаҳр гуфт, бо назардошти болоравии нархи бензин ва дигар анвои сузишворӣ раиси шаҳр лозим донист, ки чунин як қарореро ба тасвиб расонад.

Оқои Саидов ҳамчунин гуфт, ба нафақахурон ва шахсони имтиёздор минбаъд аз ҳисоби буҷаи ҳукумати шаҳр ҷубронпулӣ барои истифода аз нақлиёт ба таври нақдӣ дода мешавад. Танҳо хонандагони макотиби ҳамагонӣ аз нақлиёти мусофиркаш метавонанд, ройгон истифода баранд.

XS
SM
MD
LG