Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

...Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Вазорати дифоъ аз комиссариатҳои ҳарбии Кулоб норозӣ аст, ки ҷавонони беморро ба артиши миллӣ сафарбар мекунад.

Ҳануз 1 моҳ қабл, дар арафаи маъракаи даъвати ҷавонон ба артиши миллӣ ба як зумра комиссариатҳои ҳарбии минтақаи Кӯлоб номаи эътирозии вазорати муодифаи Тоҷикистон расид, ки дар он пиромуни сафарбарии аскарбачаҳои мариз ба армия сухан мерафт. Дар номаи ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ расида, омадааст, ки аз ин мавзеъ ба артиш 7 аскари мубтало ба марази сил сафарбар шудаанд.

Духтурони комиссариати ҳарбии Восеъ мегуянд, ин 7 тан дар артиш бемор шудаанд: "Ин фактро мо санҷидем, аз мо нағз рафтагианд. Ҳатто рентгени флйуорографиро дидем, сиҳатанд. Вайҳо рафта дар ҳамон ҷо касал шидаанд."

Духтури ҳарбии яке аз қисмҳои ҳарбии мустақар дар минтақа, ки нахост номашро муаррифӣ кунем, мегуяд, дар байни аскарбачаҳо марази сил фарогир мегардад. Дар як сол, мусоҳиби ман 30 нафарро бо ҳамин иллат аз хизмати ҳарбӣ озод кардааст:"Аз мо ҳам имсол, аз ҳамин касалии туберкулёз зиёда аз 30 нафар комиссават шуд. Хайр ҳаст, касал, ки модарзодист, ҳаст касоне, ки дар ин ҷо мариз мешаванд."

Аз ҷониби дигар, дар минтақа маъракаи "облава" ё худ аз тариқи зур боздошт ва сафарбарии ҷавонон ба артиш идома дорад. Як масъули ҳамин гуна "облава"-ҳо дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, низомиён дигар илоҷ бидуни сафарбарии зӯракӣ надоранд. Зеро ҷавонон дар аксари маврид, ихтиёран ба комиссаритҳои ҳарбӣ ҳозир намешаванд:"Бо ёрии милиса, прокурор мо ҳамаи аскаронро ҷамъ карда меорем. Хайр бо хоҳиши худ намеоянд. Ҳастанд бачаҳо, ки ихтиёрӣ меоянд, ҳастанд, бачаҳое, ки маҷбурӣ меорем."

Дар як рузи сафарбарии аскарбачаҳо хабарнигори Радиои Озодӣ ҳузур дошт ва маълум гардид, ки аз 30 даъватшаванда, танҳо як тан ихтиёран барои дифоъи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳозир шудааст: "Ба хоҳиши худам омадам, ки хизмати Ватанро бо сари баланд иҷро кунам. Ватан барои ман падару модар аст ва онро бояд чун падару модар дуст дошт."

Теъдоди ингуна ватандустдон хеле кам аст. Аксарияти сарбозони ватанро имруз ҷавонони тариқи облава ҳозир шуда ташкил медиҳанд. Дар ин облаваҳо бошад, ҳамагуна ҷавони аз 18 то 28 соларо низомиён дошта, ба артиш мебаранд ва дар ин самт ба ифрот роҳ медиҳанд.

Мирзосаид Бердиев сокини ноҳияи Восеъ мегуяд, моҳе қабл фарзанди уро, ки маризи руҳӣ будааст, дар Қурғонтеппа боздошт карда, ба хизмати сарбозӣ бурдаанд ва танҳо 30 руз баъд афсарон дарк кардаанд, ки бо девонае сару кор доранд, ки қаблан дар Куктош- бемористони марказии амрози руҳии кишвар бистарӣ будааст:

"Девонакасал буд, омада дору хурд, болниса хоб кард, 5 моҳ. Дар ин ҷо делову дафтарашро таҳия кардем, ва уро аз хизмат дар ноҳия озод карданд. Ба Қурғонтеппа пеши акааш рафт. Дар он ҷо облава уро қапид, гуфтанд пул бидеҳ, гуфтааст, ки ман пул надорам. Пул, ки надошт, гирифта аскарӣ бурдандаш. Як моҳ хизмат кард. Ҳоло боз дар Куктош хоб аст."

Бобои Гадо, ки дар маъракаи ахирии даъват ба артиш фарзанди 4-уминашро ғайриихтиёрӣ артиш мебаранд, роҷеъ ба маъракаҳои "облава" мегуяд: "Фарзандҳои одамҳои амалдор хизмат намекунанд. Фақат халқи деҳқон ҳам кори давлата мекунад, ҳам хизмати давлата."

Полковник Иноятов - муовини раиси шуъбаи умури дохилаи Восеъ мегуяд, навдаъватон на танҳо сиҳат нестанд, балки бархе аз ҷавонон мушкили донишу хатту савод доранд: "Аз ҷиҳати дониш аз ҷиҳати сиёсат бисёр суст ҳастанд. Гуфтан мумкин, ки 30 фоизи даъватшавандагон солу моҳу рузи таваллуди худро намедонанд."

Ва аммо барои масъулини маҳаллӣ маъракаи даъватӣ ба назар маъракаҳои пунбағундориро мемонад, ки бо ҳар роҳу восита бояд нақшаву уҳдадориҳои дар назди давлат гузошта иҷро шаванд.

Раҷабалӣ Буттаев- комисари ҳарбии ноҳияи Восеъ мегӯяд: "Ба ҳамаи ин нигоҳ накард, бояд мо нақшаро иҷро кунем, фармони президента пеш аз мӯҳлат бояд буд кунем."

Аз ҷониби дигар ҷавонон бо мушкили вазн гирифторанд. Тибқи талабот вазни даъватшаванда бояд аз 48 кило кам набошад. Аммо дар ҳузури мо як тан аз ҷавонон, ки ному насаби хеле мутантани паҳлавонона - Сӯҳроб Рустамовро дошт, бо ин иллат, ки вазни у 41 килограмм буд, аз хизмат озод карданд.

Ва аммо дар байни наваскарон ҳастанд ҷавононе, ки қаду басти баланд, бозуи қавӣ ва дониши казоӣ доранд. Аммо онҳоро афсарони артиши Русия, ки дар Тоҷикистон мустақаранд, ба истилоҳ гулчин карда, барои хизмат дар қушунҳои марзбонии худ мегиранд. Инояти Шариф, сокини деҳаи Саргазони Данғара, бо қадди 1 метру 90 сантиметр ва вазни 80 кило ду моҳ аст, ки дар як подгони марзбонони рус хизмат мекунад ва 1.500 рубли русӣ баробар ба 50 доллари амрикоӣ маъош мегирад.

Падари Иноят мегуяд, дар оила аз ҳамин пул як қисматро барои қути лоямути 7 додару хоҳари Иноят харҷ мекунанд ва ният доранд, ки аз пули пасмонда, ду сол баъд, пас аз анҷоми сарбозӣ фарзанди бузурги худро арусӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG