Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отто Латсис дар Маскав латукӯб шудааст



Салими Аюбзод

ваипява

Шаби гузашта дар Маскав журналисти машҳур Отто Латсис мавриди латукӯби шадид қарор гирифта, бо захмҳо дар сар ба бемористон интиқол ёфтааст. Латсис ахиран нойиби сардабири рӯзномаи Русский Курйер буда, бо таҳлилҳои иқтисодӣ ва сиёсияш шӯҳрат дорад. Дар Тоҷикистон Латсисро ба хубӣ мешиносанд, махсусан баъди як мақолаи ӯ бар зидди изҳороти намояндаи президенти Русия дар Думаи давлатӣ Александр Котенков, ки гуфта буд, Маскав пур аз гадоҳои тоҷик шудааст. Мақолаи Латсис дар Новие известия нашр шуда, мавқеъгирии Котенковро таҳқири як миллияти том ва намунаи нажодпарастӣ номида буд. Латукӯби журналистон дар Русия ҳодисаи доимист. Моҳи гузашта сардабири рӯзномаи музофотӣ, ки пайванди ҷинояткории муташаккилона ва корхонаи автомобилро пажҳӯиш мекард, баъди 18 моҳи кушта шудани пешкисвати худ, бо зарби корд кушта шуд.

XS
SM
MD
LG