Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи 35 нафар ба поён расид



Нурмуҳаммади Холзода



Бино ба хабари ожонсии ИТАР-ТАСС, имруз, 5 ноябр, Додгоҳи Олии Тоҷикистон 35 нафар аз аъзои як гуруҳи ҷинояткорро, ки дар давоми 8 соли ахир дар шимоли кишвар ба ҷинояткорӣ машғул буданд, аз 10 то 25 сол маҳкум ба зиндон кард.

Додгоҳ мегуяд, дар ҷараёни расидагии муқаддамотӣ гуноҳи ҳамаи ин 35 нафар собит шуд ва онҳо дар куштори даҳҳо нафар мардуми бегуноҳ, аз ҷумла дар қатли низомиёни русу тоҷик ва як шаҳрванди Эрон даст доштаанд.

XS
SM
MD
LG